Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон ҳукми қатлро ба ҳабси абад иваз намуд


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба Қонуни ҷазои ҷиноӣ, ислоҳот ворид намуд, ки тибқи он бар ивази ҳукми қатл, ки иҷрои он дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ҳабси абад пешбинӣ мешавад ва ин дар ҳолест, ки панҷ банди Қонуни ҷиноии кишвар ҳамчунон ҳукми эъдомро пешбинӣ мекунад ва аз ҷумла барои одамкушӣ, таҷовуз ба номус ва наслкушӣ чунин ҷазо муқаррар шудааст. Муовини раиси Кумитаи қонунгузории Маҷлиси намояндагон Абдуманнон Холиқов дар ин маврид гуфт: "Мо бояд ба ҷойи ҳукми қатл ҷазоеро нисбати ҷинояткор пешбинӣ кунем, ки ба кирдори содиркардаи вай мутобиқат кунад."
Бар асоси тағйири дигари қонуни кайфарӣ акнун нигаҳдории муҳимот дар сурате ҷиноят маҳсуб мешавад, ки масалан шумораи тирҳои нигаҳдорӣ, ё пайдо шуда аз даҳ адад бештар бошад. Нигаҳдории камтар аз даҳ адад тир танҳо як қонуншикании маъмурӣ хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки аз замони шӯравӣ то кунун афрод ҳатто барои як дона тири тасодуфан дар манзил ва ё ҳавлиаш ёфтгашта, маҳбус мешуданд.
Бо тасвиби ин ислоҳот Маҷлиси намояндагон дар кори худ то рӯзи 8-уми декабр таътил эълон кард. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, то рӯзи 14 декабр, яъне то ду ҳафтаи дигар, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон таърихи баргузории интихоботи маҷлиси сеюм эълон ва маъракаи интихоботӣ расман оғоз хоҳад шуд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG