Пайвандҳои дастрасӣ

«Регар-ТадАЗ» - қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2004-ум эълон шуд. Ин даста рӯзи якшанбе,28-уми ноябр дар бозии даври охирини мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахти ин кишвар бар дастаи БДА - Бозрасии давлатии автомобилии Душанбе бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард.Голҳоро Сӯҳроб Ҳамидов,Зафар Зубайдов, Осим Бобоев, ва Ҳикмат Фузайлов, аз дастаи БДА ба ҳадаф расонданд.
Ба ин тартиб «Регар-ТадАЗ», ки дар 36 бозӣ 86 хол ба даст овард, ҷойи аввалро ишғол кард». Регар-ТадАЗ» ягона дастаест, ки бори чаҳорум муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон гардид. Ин даста, ҳамчунин, ду бор медали нуқраи мусобиқотро ба даст овардааст. Бозингарони шаҳри Турсунзода дар 26 бозӣ пирӯзӣ ба даст оварда, 8 бозиро мусовӣ анҷом доданд ва танҳо дар ду бозӣ шикаст хӯрданд. Онҳо ба дарвозаи рақибонашон аз ҳама бештар - 114 гол зада, аз дарвозаи худ 32 тӯб сар доданд.
Рақиби аслии «Регар-ТадАЗ» - дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. «Вахш» бо 85 хол дар ҷойи дуввум қарор гирифт ва нахустин бор соҳиби медали нуқраи мусобиқот гардид.
Барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2004-ум «Авиатор»-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар даври охирини мусобиқот «Олимп-Ансол»-и Кӯлобро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод, бо 71 хол ҷойи севвумро ишғол намуд ва бори дуввум таҳти раҳбарии сармураббӣ Шариф Назаров соҳиби медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон гардид.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG