Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳи нави қочоқи мухаддирро бастанд


Амалиёти шашрӯзаи "Канал" ё "Шабака-2004" бо ширкати давлатҳои узви Паймони амнияти дастиҷамъии кишварҳои ҷомеаи муштаракулманофеъ дар пойтахти Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариш ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа 22 ноябр ба поён расид. Бино ба иттилои Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, дар амалиёт ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорус иштирок намуда, гурӯҳҳои муштараки мухобиротӣ ва иттилоърасонӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон басиҷ карда шуданд.
Аваз Юлдошев, масъули дафтари матбуоти Оҷонисии мубориза бо маводи мухаддир гуфт, ин амалиёт натиҷаи муҳим дод: «Дар давоми шаш рӯзи амалиёт дар пойтахт беш аз 300 кило маводи мухаддир кашфу мусодира шуд. Ва ҳодисаи аз дохил ба беруни кишвар бурдани маводи мухаддир низ ба қайд гирифта нашудааст.»
Бар асоси барномаи амалиёти «Канал 2004», дар ҳар кишвари Паймони амнияти дастиҷамъӣ ситоди махсуси иттилоърасонӣ таъсис дода мешавад, ки дар доираи қаламрави кишварҳои узв дар заминаи кашфу мусодира ҳамкорӣ хоҳанд кард ва дар Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, вазорати умури дохила ва кумитаи марзбонӣ дар Тоҷикистон чунин ситод таъсис дода шудааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG