Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аввалин эълони номзадиҳо ба интихоботҳои Тоҷикистон


Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зойиров ба Радиои Озодӣ гуфт, номзадии худро ба узвият дар порлумони кишвар аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сино (собиқ Фрунзе)-и шаҳри Душанбе пешбарӣ хоҳад кард. Зойиров аз эълони барномаи интихоботияш худдорӣ кард, вале гуфт, сокини ноҳияи Синост ва аз ҳамин ноҳия вориди сабқати интихоботӣ хоҳад шуд.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли оянда баргузор мешавад ва пешбарии номзадҳо 75 рӯз пеш аз интихобот сар мешавад.
Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб хабар дод, ки даҳ нафарро ба интихоботи шӯрои шаҳрӣ пешбарӣ хоҳад кард. Ин бахш ба ду журналисти маҳаллӣ Аҳмади Иброҳим ва Турко Дикаев пешниҳод намуд, аз номи ҳизби наҳзат дар интихобот ширкат кунанд, вале журналистон ин даъватро напазируфтанд.
Мирзонабии Холиқзод, Сайёфи Мизроб
XS
SM
MD
LG