Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкали Сангак Сафаров нодаркор шуд


Кӯлоб

Дар Кӯлоб ҳайкал ва нимпайкараҳои собиқ сарони Фронти Халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров, Рустам Абдураҳимов ва Лангарӣ Лангариевро аз миён бардоштанд. Намояндагони давлат сабаби ин тасмимро рушан накардаанд, вале як амалдор гуфтааст, ин ёдгориҳо бе асноди расмӣ сохта шуда, арзиши меъморӣ надоштанд. Барканиши ҳайкалҳо замоне сурат мегирад, ки Кӯлоб ба ҷашни 2700-солагии худ омода мешавад. Ҳайкал ва нимпайкараҳои сарони Фронти Халқӣ зимни маросимҳои ботантана дар солҳои 1992-94 ва бо иштироки сарони ҳукумати Тоҷикистон гузошта шудаанд. Фронти халқӣ созмони ҳарбие буд, ки ҳукумати феълиро сари кор овард. Дар Кангурти минтақаи Кӯлоб растаи қаҳрамонони ҷанги дохилӣ сохта шудааст.
Сайёфи Мизроб, Кӯлоб
XS
SM
MD
LG