Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суҳбати генерал Проничёв дар бораи ҳамкориҳои марзии Русия бо Тоҷикистон


Владимир Проничёв, раҳбари хадамоти марзбонии Русия дар пайи анҷоми ҷаласаи навбатии Шурои фармондеҳони ниҳодҳои марзбонии кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Сочи гуфтааст, марзбонони рус тарки Тоҷикистон намекунанд, балки ҳамкориҳои марзии Русия бо Тоҷикистон аз ин ба баъд шаклу шеваҳои наверо касб хоҳад кард.
Генерал Проничёв гуфт, бар асоси созишномаи имзокардаи раҳбарони ду кишвар, масъулияти назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон марҳала ба марҳала ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор шуда, дар он кишвар як гуруҳи фаврӣ ва як тими мушовирони марзбонии Русия ташкил хоҳад ёфт.
Ба ин тартиб, гуфтааст Владимир Проничёв, Тоҷикистон ба ҳифзи мустақилонаи марзҳояш оғоз мекунад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG