Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон - Қирғизистон: Хатти барқ васл шуд


Бунёди шабакаи интиқоли нерӯи барқи Конибодом - Ботканд, ки тавассути он 3 миллион киловатт соат нерӯи барқи Қирғизистон ба шимоли Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд, анҷом ёфтааст. Сохтмони ин шабакаро ширкати "Барқи Тоҷик" ҳанӯз моҳи феврали соли равон шурӯъ карда буд. Ҳомидҷон Ҷамолов - муовини сарвари шӯъбаи сохтмони ҳукумати Суғд гуфт, то имрӯз дар масофаи 34 километр сими интиқоли барқ васл кардаанд. Ба гуфтаи вай, ба маблағи 3 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расида, 9 миллион сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ барои сохтмон сарф шудааст.

Оқои Ҷамолов афзуд, феълан мутахассисони тоҷик ва қирғиз зеристгоҳҳои барқи Конибодом ва Айгул-Ташро омода мекунанд, ки кори он то ибтидои соли 2005 тӯл хоҳад кашид. Қирғизистон ва Тоҷикистон барои бунёди шабакаи нави барқ тақрибан 5 гектари заминро барои истифодаи дарозмуддат дар ихтиёри ҳамдигар гузоштаанд: «Мувофиқи созишномаи байнидавлатӣ ин ду кишвар Ҷумҳурии Қирғизистон барои кашидани хати барқ аз зеристгоҳи Айгул-Таш то зеристгоҳи Конибодом қитъаҳои замин, баробари 6 гектар ҷудо мекунад. Ҷониби Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара барои аз қаламрави худ гузаштани роҳи нақлиётии Ош - Исфара, тахминан 4 гектар заминро барои истифодаи қиргизҳо хоҳад дод.»

Вилояти Суғди Тоҷикистон дар фасли зимистон ба ҳаштуним миллион киловат соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз ниёз дорад. Ва беш аз ними онро ҳукумати Тоҷикистон аз Узбакистон харидорӣ мекунад. Дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани шабакаи Ботканд - Конибодом ва дастрасии вилояти Суғд ба кувваи барқи Қирғизистон, ба назари коршиносони маҳаллӣ, давлати Тоҷикистон имкон пайдо хоҳад кард, қисмати шимолии қаламрави худро аз мушкилоти камбуди барқ ва вобастагӣ ба нерӯи барқи Узбакистон як андоза раҳоӣ бахшад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG