Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари навбатии генерал Манилов ба Тоҷикистон


Як ҳайъати кории мақомоти марзбонии Русия, ки дар садри он муовини фармондеҳи нирӯҳои сарҳадии ин кишвар, генерал Александр Манилов қарор дорад, 29 сентябр бо як сафари корӣ вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуда баъд, баъд аз зӯҳри чоршанбе бо мақомоти баландпояи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом додааст. Гуфта мешавад, дар меҳвари ин мулоқот механизми таҳвили тадриҷии нигаҳбонии марзҳои байни Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри марзбонони тоҷик қарор доштааст.

Дар маркази матбуоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мақомоти раҳбарии Хадамоти марзбонии Русия бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мавриди чигунагии ҳузури минбаъдаи марзбонони рус дар Тоҷикистон баҳсу табодули афкор намудаанд. Аммо дар Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон аз ифшои ҷузъиёти мулоқот худдорӣ намуданд. Бар асоси тавофуқи тарафайн, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Сочи миёни руасои ҷумҳури ду кишвар ҳосил шудааст, қарор аст то интиҳои соли 2006 нигаҳбонии беш аз 1400 километр марзи байни Тоҷикистону Афғонистон пурра ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор гардад.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG