Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Талбак Назаров бо Кофӣ Анон


Латифи Латиф

Дар шаҳри Нйю-Йорк мулоқоти Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Милал Кофӣ Анон баргузор гашт. Дар ҷараёни ин гуфтушунид Талбак Назаров ва Кофӣ Анон ҳолати феълии ҳамкориҳои Созмони Милал ва Тоҷикистонро баррасӣ ва роҷеъ ба амнияти минтақавӣ, вазъият дар Афғонистон табодули назар карданд. Оқои Назаров таъкид намуд, ки кишвараш тағйироти ба вуқӯъ пайваста дар Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунад, вале аз то ба ҳол вуҷуд доштани хатари қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави ин кишвар изҳори нигаронӣ кард. Тарафайн кори Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистонро босамар арзёбӣ карданд ва тасмим гирифтанд, дар соли оянда даҳсолагии ин ниҳоди муштараки Тоҷикистону Созмони Милалро таҷлил кунанд.

Вазири Тоҷикистон аз Созмони Милал хоҳиш кард, ки ба баргузории конфронси байналмилалии оид ба рӯдхонаҳои марзӣ ва истифодаи захираҳои босамари оби Осиёи Марказӣ, ки барои соли 2005 дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мусоидат кунад. Мулоқоти Кофӣ Анон ва Талбак Назаров дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бояд 30-уми сентябр дар Маҷмааи Кулли СММ суханронӣ кунад. Назаров ва ҳайъати Тоҷикистон ин фосиларо барои мулоқотҳои дуҷониба истифода мекунанд. Чунончи ҳайъати Тоҷикистон бо ҷонишини аввали вазири корҳои хориҷии Италия, сенатор Алфред Мунтика, ҷонишини вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида оид ба ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Элизабет Ҷонс ва вазири корҳои хориҷии Украина Константин Гришенко мулоқот кард. Ҳайъати баландпояи дипломатҳои тоҷик инчунин дар ҷаласаи муштараки вазирони кишварҳои ЕСО ва АСЕАН, ки раисии онро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров дар ӯҳда дошт иштирок намуд.

Дар давоми сафари худ дар шаҳри Нйю-Йорк ҳайъати Тоҷикистон нақша дорад, бо вазири корҳои хориҷии Таиланд Суракиарт Сатиратай, ҷонишини дабири кулли Созмони Милал оид ба иқтисод ва масоили иҷтимоӣ Жове Антонио О'Кампо, вазири умури хориҷии Муғулистон, ҷонишини аввали мудири Барномаи рушди Созмони Милал Дябре Зефферин низ вохӯрӣ кунанд. Ҳамчунин қарор аст, дар ин рӯзҳо як ҳайъати дигари Тоҷикистон дар Вашингтон бо амалдорони Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дидору гуфтӯгу дошта бошад.
Латифи Латифӣ аз шаҳри Нйю-Йорк
XS
SM
MD
LG