Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нуралишо Назаров: "Мо ба касе замин надодаем."


Мақомоти Тоҷикистон хабари вогузории қисмате аз қаламрави ин кишвар барои эҳдоси ҷодаи мустақими автомобилравро ба давлати ҳаммарзи Қирғизистон такзиб карданд. Нуралишо Назаров - муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон ва узви Комиссияи байнидавлатии ташхиси марзи миёни ин кишвар бо Қирғизистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш на танҳо кадом як қисмати севунимкилометрӣ, ҳатто як пораи онро низ ба кадом давлате надодааст: "Не ин гапҳо дурӯғанд. Мо ба ҷои он, ки территорияи худамонро хелеашро қирғизҳо забт карда гирифтагианд, боз ба онҳо километри дигар медодаем? Ин хел гап нест, ҳамаш дурӯғ аст. Хайр агар роҳе, ки пайваст мекунад, бо назорати сарҳадбонҳо, гумрукиҳо мумкин, лекин ин гуна ки мустақиман бигзараду мо территорияи худамона, ба онҳо диҳему вайо роҳ кунанд, ин хел гап нест."

Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз саҳафоти интернетӣ хабаре аз қавли маъмурияти вилояти Ботканди Қирғизистон интишор шуда, ки дар онхо сухан аз таҳияи асноди марбута аз сӯи мақомоти ноҳияи Исфара, ноҳияи ҳаммарзи бо Қирғизистон дар вилояти Суғд ҷиҳати таҳвили қисмате ба севуним километри тӯл ба кишвари ҳамсоя меравад.
Бино ба иттиллоъи ҷониби Қирғизистон, ҳайъатҳои ҳарду кишвар дар раъси сарвазирон ин масъаларо дар моҳи май мавриди баррасӣ қарор дода ва дар ҳоли ҳозир асноди мазкур дар марҳалаи тасвиби парлумони Тоҷикистон будааст. Ва бар изофа ин долони севунимкилометрие, ки аз қаламрави Тоҷикистон ҷиҳати истифода ба Қирғизистон дода хоҳад шуд, аз назорати марзбонӣ ва гумрукии ҷониби Тоҷикистон низ озод мешудааст.

Аммо Нуралишо Назаров ин иддаоро низ комилан беасос хонда, гуфт: "Ин хел ҳеҷ имконият нест. Бидуни назорати гумруку сарҳад онҳо ҳуқуқи кушодани коридорро надоранд." Муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон афзуд, ки миёни ин ду кишвари ҳамсоя дар иртибот ба мушкилоти ташхис ва аломатгузории марз масоили баҳсофар вуҷуд дорад. Вай гуфт, аз ҷумла дар қаламрави вилояти Суғд сарнавишти 8 ҳазор гектар замини кишт ва дар яке аз навоҳии вилояти Бадахшон як қисми қаламрави Кирғизистон, ки дар замони шӯравии пешин ба ихтиёри Тоҷикистон дода шуда буд, аз ҷумлаи масоили ҳалношудаи музокироти ҳарду кишвар мебошад.

Ба гуфтаи оқои Назаров, ҷониби Қирғизистон тавассути Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати ифтитоҳи гузаргоҳ дар ноҳияи Исфара ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ҷониби Тоҷикистон бо эъломи омодагӣ дар ин замина хиттаеро аз хатти марзи кишвараш дар ин ноҳия барои равуои дуҷонибаи шаҳрвандони ҳарду кишвар ва убуру мурури нақлиёт пешниҳод кардааст. Оқои Назаров гуфт, дар нишасти навбатии ҳайъатҳои давлатии ҳарду кишвар, ки моҳи оянда дар Бишкек пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад, ин масъала ва боз чанд масоили марбут ба ҳамин мавзӯъ роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG