Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки "Олимп"-ро бастанд


Додситонии низомии Тоҷикистон фаъолияти бонки хусусии "Олимп"- ро то замони анҷоми парвандаи Ғаффор Мирзоев собиқ раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир ва раиси Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон боздоштааст. Раёсати назорати бонкии Бонки Миллии Тоҷикистон ахиран гуфт, додситони низомии кишвар бо оғози таҳқиқи парвандаи Ғаффор Мирзоев фаъолияти бонки хусусии "Олимп"- ро низ мавриди бозҷуӣ қарор додаст. Бонки "Олимп" дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷой дорад. Тӯрақул Ҳақназаров - сардори раёсати Бонки Миллӣ оид ба назорати бонкҳо роҷеъ ба сарнавишти ояндаи бонки "Олимп" ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳамин ки додситонии низомӣ кори худро анҷом диҳад, ба дунболи он қарори додситонӣ дар фаъолияти бонк содир мешавад. То замони анҷоми кори додситонӣ ҳеҷ гуна амалиёт анҷом намедиҳад.»

Дар ҳамин ҳол чанд тан аз сокинони Душанбе, ки дар ин бонк маблағгузорӣ кардаанд, ба идораи Радиои Озодӣ дар Душанбе тамос гирифта, аз сарнавишти баъдии маблағҳои худ изҳори нигаронӣ намуданд. Аммо дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ раиси ин бонк Толибҷон Сиддиқов гуфт, ташвиши афроде, ки дар бонки "Олимп" амонат гузоштаанд, беҷо мебошад Ва бозҷӯии фаъолияти бонк аз ҷониби додситонии низомӣ зарфи ду ҳафтаи дигар идома пайдо хоҳад кард ва бо анҷоми он маблағи мардум баргардонда мешавад. Оқои Сиддиқов афзуд, бонк маблағи зарурӣ ва имкони ҳамаҷонибаи баргардондани пули мардумро дорад. Аммо дар додситонии низомӣ гуфтанд, ки таҳқиқоти бонки "Олимп" ҷузъе аз парвандаи Ғаффор Мирзоев маҳсуб мешавад, зеро Кумитаи миллии олимпӣ дар таъсиси ин бонк саҳмгузорӣ кардааст ва ҳанӯз маълум нест, тафтишот кай анҷом меёбад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG