Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи пурсарусадо дар Хуҷанд


Додгоҳи вилояти Суғд субҳи душанбеи 20 - уми сентябр, пас аз таваққуфи якмоҳа ба бозрасии парвандаи ҷиноии 20 гумонбаршуда ба фаъолият дар «Ҳизб-ут-таҳрир» шурӯъ кард. Ин гурӯҳ, ки ҳама ҷавонони Хуҷанд мебошанд, ибтидои соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии Суғд боздошт шуданд ва баррасии парвандаи ҷиноии онҳо моҳи июн дар додгоҳи вилояти Суғд оғоз ёфт. Вале дар пайи шикояти муттаҳамин ва волидайни онҳо мавриди озору шиканҷа қарор гирифтани боздоштшудагон таввасути маъмурони амниятӣ ба додситониҳои кулл ва вилояти Суғд ва натиҷагирӣ аз ташхиси судиву тиббӣ мурофиаи додгоҳӣ дар авохири моҳи август барои як моҳ мавқуф гузошта буд.

Тафтиши судиву тиббӣ лату кӯб шудани гумонбаршудагон ва ба василаи озору шиканҷа бар дӯши ин муттаҳамин бор кардани ҷурми узвият дар "Ҳизбу-ут-таҳрир"- ро тасдиқ накардааст. Ин нуктаро Насим Эҳсонов - додраси додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 20-и сентябр, дар ҳоле изҳор дошт, ки дар толори додгоҳ, даруни панҷараи оҳанин 20 гумонбаршуда дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок мекарданд. Ба гуфтаи Насим Эҳсонов, ташхиси тиббӣ танҳо вуҷуди нишонаву доғҳоеро дар бадани 5 гумонбаршуда, ки осори зарбу лат дониста мешавад, ошкор кардааст. Вай афзуд, фосилаи тӯлонӣ аз вақти зарбу шиканҷаи гумонбаршудагон то замони ташхис, ки беш аз шаш моҳро дар бар мегирад, имкон надодааст муайян карда шавад, ки муттаҳамин воқеан - зимни тафтиши ибтидоӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд лату кӯб шудаанд ва ё на.

Ва ин дар ҳолест, ки ба ақидаи Маҳмуд Сотиболдиев - яке аз вакилони мудофеъи гумонбаршудагон, нисбати нафарони таҳти ҳимояти ӯ зимни тафтиши ибтидоӣ ва додгоҳӣ далелҳои қотеъ пешниҳод нашудааст. Ӯ баъди анҷоми рӯзи авввали мурофиаи додгоҳӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Яке аз судшавандаҳо - Эргашев Нозимҷон ҳам дар вақти тафтиши пешакӣ ва ҳам додгоҳӣ худро гунаҳкор наҳисобид. Ва далелҳои бегуноҳии худро ба тафтиши судӣ пешниҳод кард. Дигар судшавандаҳо ҳам дар ҷараёни тафтиши судӣ , мисли Эргашев Нозимҷон, чунин баёнот доданд».

Вале эълони он ки ташхиси тиббӣ осори зарбу лат ва шиканҷаро дар ҷисми нафарони таҳти мурофиа ошкор накардааст, вокуниши шадидеро аз ҷониби падару модарон ва пайвандони онҳо, ки дар толори мурофиа ҳузур доштанд, ба бор овард. Модари як аз гумонбаршудагон таассуроти худро аз ҷараёни мурофиаи додгоҳи баъди таваққуфи якмоҳа чунин ба забон меоварад: «Мана, як моҳ - яку ним моҳ поида шиштем, ки ҳақиқат рӯи об мебарояд. Аммо ҳақиқат нест - ҳамин рӯз худатон ҳам бо гӯши худатон шунидед ва бо чашми саратон дидед. Гӯё инҳо (фарзандони онҳо зимни тафтиши парвандаӣ ҷиноӣ) ҳеч азоб накашидаанд ва онҳо (кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд) ҳам бачаҳои моро ҳеҷ азоб надодаанд."
Аммо модари Нозим Эргашев - як нафари дигар меафзояд, қарори ба гуфтаи вай, ноодилонаи ташхиси судиву тиббӣ бовари ӯро ба ҷараёни одилонаи баргузории мурофиаи додгоҳӣ комилан коста кардааст: "То ҳамин дараҷа азоб дода, ба сари вай гуноҳ бор мекунанд. То ҳамин дараҷа беадолатона кор мекунанд? Ҳақиқат ҳаст ё не?"
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG