Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Ёқуб Салимов -- дар дасти Додгоҳи Олӣ


Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов - вазири собиқи умури дохилаи ин кишварро ба поён расонида, онро барои муҳокима ба Додгоҳи Олӣ ирсол намудааст. Абдусамеъ Додобоев - муовини додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи мазкур, ки таҳти назорати додситони кулл буд, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шуд.

Тибқи иттилоъи маркази матбуоти додситонӣ, маъмурони интизомӣ Ёқуб Салимовро тибқи ҳафт банди Кодекси ҷиноӣ, дар хиёнат ба ватан, харобкорӣ, ширкат дар созмонҳои зидди давлатӣ, бандитизм, сӯистифода аз мансаб, ҳифзу нигаҳдории силоҳу муҳимот, дар ихтиёри дигарон қарор додани онҳо ва фурӯши миқдори зиёди силоҳ муттаҳам кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Саидкомил Қурбонов - вакили мудофеъи Ёқуб Салимов мегӯяд, вазири собиқи умури дохила ба иттиҳомоти эълоншуда розӣ нест. Вай афзуд, дар ҷараёни муҳокима талош хоҳад кард бо далелу мадракоте, ки дар даст дорад, бегуноҳии шахси таҳти ҳимояти худро исбот намояд.

Ёқуб Салимов, ки яке аз ҳампаймонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд ва дар сари қудрат овардани вай нақши муҳим низ дошт, дар тобистони соли гузашта бо дархости додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти интизомии Русия дар Маскав боздошт гардид ва тӯли 8 моҳ дар маҳбаси Лефортовои ин шаҳр нигоҳ дошта шуд. Моҳи феврали соли равон Русия бо шарти ин ки нисбат ба Ёқуб Салимов ҳукми қатл раво дида нашавад, ӯро ба Тоҷикистон истирдод кард.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG