Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Раҳмонов ва Хотамӣ аз нерӯгоҳи Сангтӯда


Субҳи рӯзи душанбеи 13 сентябр раиси ҷумҳурони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ба деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, садкилометрии Душанбе омаданд. Аз маркази матбуотии президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Муҳаммади Хотамӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов ба нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1, ки беш аз 50 фоизи маблағгузории иншоот бар дӯши Эрон аст, омада, тавассути нақби нерӯгоҳ ба саргаҳи обанбор фаромаданд. Раиси ҷумҳурони ҳар ду кишвар бо муҳандисон ва масъулини Ҷамъияти саҳҳомии Сангтӯда вохӯрданд.
Садриддин Шамсиддин - корманди маркази матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд: «Панҷоҳу як фоизи хароҷоти сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯдаро ҷониби Эрон бар ӯҳда гирифтааст. Вазири энергетика Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов лоиҳаи бунёди нерӯгоҳро ба президентҳо нишон дод ва онҳо баъдан тариқи нақб фаромада, сарбандро диданд. Сипас тариқи чархбол бо ҷараёни корҳо дар нерӯгоҳ шинос шуданд.»
Нақиб Муродов - ёвари сухангӯи президент Раҳмонов мегӯяд, пас аз ду соати дидор бо муҳандисон Раҳмонов ва Хотамӣ ба ағбаи Анзоб, рафта, бо муҳандисони эронӣ вохӯрданд. Бино ба иттиллоъи масъулини ширкати эронии "Собир интернешнл" 250 тан аз кормандони ширкат кори зиёедро дар нақб анҷом додаанд.
Нақби Уштур, ки ҳудудан 40 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад, ва беш аз 75 дарсади маблағгузории он бар дӯши ширкати эронист, тахмин меравад, ки то охири соли 2005 мавриди истифода қарор гирад.
Президентҳои ҳар ду кишвар пас аз дидор бо нақбканони эронӣ озими деҳаи Рӯдаки Панҷанкент шуда, аз мақбараи одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зиёрат карданд. Дар Панҷакент президент Раҳмонов ва Муҳаммади Хотамӣ бо сокинони ноҳия вохӯрданд. Нимаи дуввуми рӯз чархболи президентӣ ба Душанбе баргашт.
Саёфи Мизроб аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG