Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили рӯзи истиқлол дар Тоҷикистон


Маросими ҷашни солгарди истиқлолияти Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ"-и Душанбе бо гузашти низомии нерӯҳои кишвар оғоз шуд. Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон аз омодагии воҳидҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳ ҷиҳати ширкат дар ин маросим ба Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳур ва сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гузориш дод.
Эмомалӣ Раҳмонов зимни табрикоти афсарон ва сарбозон ба ин муносибат аз хидматҳои онҳо дар барқарории сулҳу субот ва аз омодагии онҳо барои ҳифзи истиқлол ва таъмини амнияти кишвар ситоиш кард. Президент Раҳмонов ҷашни истиқлолро аз муқаддастарин ва маҳбубтарин ҷашнҳо дар тақвими кишвараш арзёбӣ карда, афзуд: "Ҷашни истиқлолият қудрати фавқуллодае дорад, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар вуҷуди мо дучандон карда, фарзандони бонангу номус ва содиқи миллатро ба хотири ҳифзу таъмини амнияти давлат, волоияти қонун, манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ваҳдати миллӣ муттаҳид месозад."
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои низомӣ ва тамриноти муштараки воҳидҳои ҳарбии кишвар бо давлатҳои Русия, Чин, Фаронса, Ҳиндустон ва Қазоқистону Қирғизистон дар соли гузашта ёдовар шуда, афзуд, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ нақш ва ҳузури Тоҷикистонро ба ҳайси як кишвари умда ва муҳими муборизакунанда бо қочоқи маводи мухаддир, силоҳи ғайриқонунӣ, экстремизм ва терроризм дар сатҳи байналмилалӣ эътироф кардааст.
Гузашти низомии нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳоле ҷараён дошт, ки хиёбонҳои асосии шаҳр таввасути нерӯҳои интизомӣ зери назорати шадид гирифта шуда ва на ҳама сокинон ва меҳмонон тавонистанд аз идгоҳи бузург ва тантанаҳои идона дидан кунанд.
Аммо бо ин вуҷуд боғ ва ҷодаҳои марказии пойтахт ба сайргоҳи идонаи сокинон табдил шуда буд. Аскар Ҳаким - шоир ва муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва яке аз садҳо сокини пойтахт, ки дар маросими ҷашни истиқлол ҳузур дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мардуми тоҷик қарнҳо дар неъмати истиқлолият бенасиб монда буд. Аз ин рӯ гуфт вай, қиммат ва баҳои истиқлолро ҳар фарди кишвар ба хубӣ эҳсос кардааст: "Албатта истиқлоли фарҳангиву забониву илмӣ бе истиқлоли иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шуда наметавонад. Аз ин ҷиҳат ман ба имони комил метавонам бигӯям, ки давлати Тоҷикистон он истиқлолеро, ки ба даст овард, ҷовидона нигаҳ хоҳад дошт».
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG