Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи амбори бузурги аслиҳа дар Тоҷикобод


Худойназар Асоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти вижаи мақомоти идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вазорат дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод, ки мунҷар ба боздошти фармондеҳи собиқи мухолифин Ёрибек Иброҳимов ва чанд тан аз шарикони ӯ шуд, аз як пинҳонгоҳи мутааллиқ ба ин гурӯҳ силоҳу муҳимоти зиёд, аз ҷумла 15 000 дона тиру мушаку хумпора, 1 мушакандози навъи "Град" ва 10 мушакандози навъи "Игла" кашф ва мусодира шудааст.
Оқои Асоев гуфт, аз силоҳу муҳимоти аз ин махфигоҳ ёфтшуда як мошини КамАз пур шудааст. Вай афзуд, ин қадар мушакандози "Игла", ки дар дараи Алмалики ноҳияи Тоҷикобод мусодира шудааст, ҳатто дар амборҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон мавҷуд нест.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохила, Ёрибек Иброҳимов иқрор кардааст, ки ин ҳама силоҳу муҳимотро дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон аз Афғонистон овардааст.
Ёрибек Иброҳимов бо чанд ҳамроҳаш бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи мусаллаҳона болои идораи милиса ва додситонии ноҳияи Тоҷикобод дар шаби 27 ба 28 август боздошт шуда буд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва Худойназар Асоев мегӯяд, ки Ёрибек Иброҳимов бо амри у сурат гирифтани ҳамла болои бинои милисаву додситониро иқрор кардааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG