Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафтиши дафтари Ҳизби Таррақиёт


Дафтари марказии ҳизби сабти номнашудаи "Тараққиёт"-и Тоҷикистон дар Душанбе ду рӯз мавриди бозҷӯии кормандони вазорати амнияти кишвар қарор гирифт. Султон Қувватов - раиси ҳизби тараққиёти Тоҷикистон гуфт, вазорати амният алайҳи роҳбари ин ҳизб парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва бозҷӯии қароргоҳи марказии ҳизб бо дастури додситонии кулл аз бегоҳи рӯзи 25 август шурӯъ шудааст: "Гӯё, ки мо ба матбуоту сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва Суди Гаага муроҷиат карда бошем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон помол мешавад, нисбати президент тӯҳмат карда бошем, экстремист бошем, низои маҳалгароӣ меандохта бошем, гуфта бо ҳамин дастур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд. Онҳо фикр мекунанд, ки Султон Қувват мабодо яроқ надошта бошад."
Ба гуфтаи Султон Қувватов, сабаби бозҷӯӣ ва мавриди кофтукоби кормандони вазорати амният қарор гирифтани дафтари ҳизб, омода шудани як номаи додхоҳии ҳизб унвонии Додгоҳи Байналмилалии Гаага аз болои мақомоти кишвар мебошад, ки аз соли 2000 инҷониб ба ин ҳизб иҷозаи фаъолияти расмӣ намедиҳанд.
Оқои Қувватов гуфт, ҳамаи асноди марбути фаъолияти ҳизб, феҳристи асомии аъзо ва дигар ҳуҷҷату мадракоти ҷамъшуда тайи чаҳор соли фаъолияти ҳизбро кормандони амният мусодира кардаанд.
Оқои Қувватов афзуд: "Сафоратҳои дар ҷумҳурии мо, аз он ҷумла ООН, ОБСЕ ҳамаи намояндаҳояшон иштирок мекарданд. Дар ин бора мо барвақт мегуфтем, тахмин як сол пеш мегуфтем, ки ҳуҷҷат тартиб дода, далелҳоро ҷамъ карда, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Суди Байналмилалии Гаага медиҳем."
Замоне, ки мо аз дафтари марказии ҳизби тараққиёти Тоҷикистон дидан мекардем, кормандони вазорати амният бо истифода аз асбоби махсус сейф ва ё говсандуқҳо дар ин қароргоҳро иҷборан боз мекарданд. Аммо ҳеҷ яке аз кормандони амниятӣ ҳозир нашуд, ки сабаби кофтукоби дафтари марказии ҳизбро тавзеҳ диҳад.
Як нафари онҳо, ки нахост номаш ёдоварӣ шавад, гуфт, кофтукоби қароргоҳи ҳизби мазкур дар асоси дастур сурат мегирад, вале масъулияти тавзеҳ ва ташреҳи қазия ба дӯши онҳо гузошта нашудаст. Ин дар ҳолест, ки дафтари матбуотии вазорати амнияти кишвар аз амали бозҷӯии қароргоҳи ҳизби тараққиёти Тоҷикистон изҳори беиттиллоӣ кард.
Аммо Султон Қувватов - раиси ҳизби мазкур, ки зарфи чаҳор соли ахир ва бо баргузории се навбат анҷумани муассисон натавонистааст, аз вазорати адлия ва ё додгустарии кишвар санади фаъолияти расмиро барои ҳизбаш дарёфт кунад, гуфт, новобаста аз фишор ва таҳдидҳои мақомот номаи додхоҳиашро ба Додгоҳи Байналмилалии Гаага дар ин замина ирсол хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG