Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти занони Душанбе барои манзил


Ҳудуди бист нафар аз сокинони шаҳри Душанбе бо нишони эътироз дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ омада, талаб доштанд, онҳоро ҳукумати шаҳр бо манзил таъмин кунад. Замоне мо ба назди афроди норозӣ омадем, аксари онҳо заноне буданд, ки дар даҳ-понздаҳ соли ахир бидуни манзили зисти хусусӣ дар пойтахт ба сар мебурдаанд. Ба гуфтаи гирдиҳамомадагон, онҳо қабл аз солҳои нооромӣ барои бунёди як бинои истиқоматии баландошёна чанд дар сад сармоягузорӣ кардаанд, аммо дар чанд соли ахир шаҳрдории Душанбе ин биноро таъмир карда, ба қавли афроди норозӣ, мехоҳад хонаҳои ин биноро ба нархи гарон ба фурӯш гузорад.
Мавҷигул Ваҳоббова, як нафар аз гирдиҳамомадагон мегӯяд, мо ба хотири он маблағгузорӣ карда будем, ки соҳиби манзил шавем: "Барои як хонаи кооперативӣ пул супоридагӣ ҳастем, 30 фоизи ва дар навбат ҳастем, то ҳозира гирифта наметавонем. Ҳамаи дигар одамора оварда, ҷо карда истоданд, мо мондаем."
Дигарӣ меафзояд: "Ман Хоникова Соҳибсултон, шавҳари ман профессор дар обшижити семейни (хобгоҳи умумӣ) зиндагӣ мекунам, чор фарзанд дорам. Бо тарс зиндагӣ мекунем, долонҳояш боз аст, ҳар лаҳза медавем, то фарзандонамон наафтанд."
Гирдиҳамомадагон ҳамчунин афзуданд, муовини раиси шаҳр Фирӯз Ӯлмасов масъули ҳамин қазия аст. Аммо замоне, мо ба шаҳрдорӣ тамос гирифтем, як нафар аз намояндаи ҳукумати пойтахт, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, масъалаи бинои истиқоматии воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон мавриди баррасӣ қарор дорад ва бо мушаххас шудани ин масъала ба афроди ниёзманд посух хоҳем дод. Ин дар ҳолест, чанд соли ахир биноҳои баландошёнае, ки сохта мешаванд, аксар бо роҳи ауксион ба фурӯш мераванд. Бар асоси иттилоъи як раёсати манзиливу коммуналии Душанбе кам ҳолате пеш меояд, ки сокинони пойтахт дар ивази навбатпоӣ соҳиби манзил шуда бошанд.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG