Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама ба пахтачинӣ


Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пунба, яке аз маҳсулоти муҳими кишоварзии ин кишвар шурӯъ шудааст. Бар асоси иттилоъи вазорати кишоварзӣ қарор аст дар Тоҷикистон соли ҷорӣ ҷамъоварии пунбаро ба 610 ҳазор тонна расонанд.
Шукрулло Раҳимназаров, сардори раёсати вазорати кишоварзии ин кишвар гуфт, боду ҳаво имсол барои парвариш ва таҳияи пунба мусоидат кардааст. Ба эътиқоди ӯ, дар куллияи манотиқи пунбапарварии кишвар ғизодиҳӣ ва коркарди ин рустанӣ ба матлаб мувофиқ будааст: "Имсол дар аксарияти хоҷагиҳо таъминот ҳам нағз шуд. Барои ҳамин пахтачинӣ дар ноҳияҳои Бешкент, Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ, дар заминҳое, ки барвақт кишт карда буданд, пахта саросар шукуфта истодааст ва барои талаф наёфтан ҷамъоварии ҳосилро оғоз карданд. Кишоварзони ҷумҳурӣ бояд соли ҷорӣ 610 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Баъд аз 20 август маълумот аз ҷамъоварии пахта ба ҳисоби омор меравад.Зеро имсол ҷамъоварии пахта нисбат ба соли гузашта хеле барвақт оғоз шуд."
Оқои Раҳимназаров ҳамчунин афзуд, кишоварзони Тоҷикистон бар ин боваранд, барномаи пунбағундорӣ дар соли ҷориро изофӣ ба иҷро хоҳанд расонд.
Ин дар ҳолест, кишоварзони Тоҷикистон барномаи пунбағундорӣ дар соли гузаштаро, ки 600 ҳазор тонна таъйин шуда буд, фақат ба 90 дар сад расонидаанд. Ва ба иттилоъи вазорати иқтисод ва тиҷорати ин кишвар, аз пунбаи дар соли 2003 ҷамъшуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ 69,5 ҳазор тонна нахи он коркард ва ба хориҷа содир шудааст. Ин манбаҳ ҳамчунин гуфтааст, харидорони асосии нахи пунбаи Тоҷикистон ҷамоҳири Латвиё, Шветсария, Ирон ва Русия будаанд, ки беш аз 90 дар сади нахи пунбаи содиршавандаи ин кишварро харидорӣ мекардаанд.
Бар асоси иттилоъи Кумитаи омори Тоҷикистон содироти нахи пунба ин кишвар ҳамасола наздик ба 25 дарсади ҷамъи маҳсулоти содиршавандаро ташкил медодааст. Ва тибқи як фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, шурӯъ аз соли 1996 содироти нахи пунбаи ин кишвар танҳо бо пардохти қаблии арзи накд амалӣ мешавад.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG