Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Утоқи тиҷоратии Тоҷикистон мунтазири кӯмак


Утоқи бозаргонии исломӣ гуфтааст, барои таъсиси муассисоти муштарак ва бунёди як намоишгоҳ дар шаҳри Душанбе ду миллион доллари амрикоӣ тахсис медиҳад. Дар номае, ки унвонии Утоқи савдову саноати Тоҷикистон аз раиси Утоқи бозаргонии исломӣ расида, гуфта мешавад, маблағи мазкур пас аз таҳия ва пешниҳоди барномаи мукаммали таъсиси ин муассисот ва намоишгоҳ дар Душанбе ба ихтиёри ҷониби Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд.
Шариф Саидов - раиси Утоқи савдову саноати Тоҷикистон гуфт, тасмими тахсиси ду миллион доллари кӯмаки Утоқи бозаргонии исломӣ дар пайи дидор ва мулоқоти вай бо дабири кулли ин созмон дар шаҳри Лоҳури Покистон гирифта шудааст.
Оқои Саидов афзуд, пас аз дарёфти номаи мазкур бо дархости Утоқи савдову саноат ва мусоидати ҳукумати Тоҷикистон коршиносон ва ходимони Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии кишвар барои омодасозии тарҳи намоишгоҳ дар Душанбе ҷалб шудаанд: "Ҳоло мо ба ҳукумати шаҳри Душанбе мебароем, ки барои ҳамин пеш аз ҳама барои мо замин ҷудо кунад. Ва мо лоиҳаи ҳамин биноро таҳия хоҳем кард."
Шариф Саидов гуфт, дар пойтахти аксари кишварҳои пешрафта ва ҳамчунин кишварҳои собиқи шӯравӣ намоишгоҳҳои бузург бунёд ёфтаанд, ки дар он фаровардаҳи санъативу кишоварзии ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта мешавад. Аммо дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон ба иллати мушкилоти иқтисодӣ як чунин намоишгоҳ, ки мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бошад, сохта нашудааст.
Раиси Утоқи савдову саноати Тоҷикистон гуфт, аснод ва тарҳҳое, ки ба Утоқи бозаргонии исломӣ пешниҳод мешаванд, дар яке аз ҷаласаҳои шӯрои ин созмон мавриди муҳокима қарор мегирад. Оқои Саидов гуфт, қарор аст ин ҷаласа аз панҷум то шашуми феврали соли оянда дар Баҳрайн баргузор шавад ва дар сурати пазируфта шудани тарҳҳои пешниҳодии Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ барои тахсиси ду миллион доллари кӯмак расман гирифта хоҳад шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG