Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши мусиқӣ дар Душанбе баъди соати 11 манъ шудааст


Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо қабули як қарор ахиран пахши мусиқии баландро дар ресторану қаҳвахонаҳои пойтахт аз соати 11 шаб ба баьд мамнуъ эълом кардааст.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе мегуянд, ин иқдом ба хотири халалдор нагаштани осоиши сокинони пойтахт иттихоз шудааст. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар тавзеҳ ба ин хабар рузи панҷуми август ба Радиои Озодӣ гуфт: "Шаҳрдории пойтахт қарор қабул намудааст, ки минбаъд дар тамоми марказҳои хидматрасонии фароғатии воқеъ дар қаламрави шаҳри Душанбе истифодаи мусиқӣ то соати ёздаҳи бегоҳ ба роҳ монда шавад. Аз соати ёздаҳ ба баьд ин марказҳо ҳаққ надоранд зимни пешбурди фаьолияти хизматрасонии худ аз мусиқии баланд истифода намоянд. Ин дастури шаҳрдорӣ фаъолияти муассисаҳои хидматрасонии пойтахтро дар соъоти шаб мутаваққиф намесозад. Ҳадаф аз он танҳо маҳдуд сохтани истифодаи мусиқии баланду нороҳаткунанда дар марказҳои фароғатии Душанбе баьд аз соати 11 шаб мебошад."
Ин дар ҳолест, ки бар асоси қарори ёдшудаи шаҳрдории Душанбе, дар чанд рузи охир фаъолияти ресторану қаҳвахонаҳои аслии маркази шаҳри Душанбе, аз қабили қаҳвахонаи "Порт Саид" ва тарабхонаи "Сказка"("Афсона") тавассути пулис баъд аз соати 11 шаб комилан боздошта шудааст. Соҳибони марказҳои тафреҳии шаҳри Душанбе мегуянд, нозирони тартиботи ҷамъиятӣ бар хилофи қарори шаҳрдории пойтахт амал намуда, худсарона аз фаъолияти шабонаи ин марказҳо ҷилавгирӣ менамоянд.
Ҷамшед, соҳиби яке аз чунин ресторанҳои хусусии шаҳри Душанбе гуфт, пулис як ҳафта боз қабл аз соати 11 шаб ҳозир мегардад ва ба зӯр аз мо мехоҳад, ки дари тарабхонаро бубандем. Ба гуфтаи Ҷамшед, худсарона баьд аз соати ёздаҳи бегоҳ бастани тарабхонаҳо ба соҳибони онҳо зиёни калони иқтисодӣ мерасонад, аз суи дигар, дар пайи чунин иқдом пардохти молиёт низ барои соҳибони қаҳвахонаву ресторанҳо мушкил мегардад.
Ин дар ҳолест, ки бо гузашти 7 сол аз хатми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳануз ҳам фаъолияти шабонарузии васоили нақлия ва ҳамчунин марказҳои фурушу хидматрасонии фароғатӣ дар пойтахти ин кишвар ба таври муназзам роҳандозӣ нашудааст.
Холиқи Сангин, Радиои Озодӣ, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG