Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тафтиши парвандаи ду корманди милиса


Ду корманди идораи умури дохилаи шаҳри Душанбе бо 140 кило маводи мухаддир дар ноҳияи Айнӣ - шимоли Тоҷикистон боздошт шудаанд. Худойназар Асозода - сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар афзуд, ҳангоми як амалиёти вижаи гурӯҳи зудамали вазорат кормандони милисаи шаҳр боздошт шуда ва ин миқдори маводи мухаддир аз онҳо кашф ва мусодира шудааст: "Автомашинаи сабукрав боздошт гардид, ки дар он кормандони милиса Исроил Сатторов соли таваллудаш 1980 лейтенанти калони милиса ва Каримов Музаффар соли таваллудаш 1979 милисаи қаторӣ буданд ва ҳангоми азназаргузаронӣ аз автомашина аз бағоҷи он зиёда аз сад килограмм шираи кӯкнор навъи маводи нашъадор ва 39 килограм намуди сахттаъсири маводи нашъадори навъи ҳероин ёфт ва мусодира гардид."
Оқои Асозода гуфт, Исроил Сатторов, афсари шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамкори вай Музаффар Каримов ходими ҳамин шӯъба дар ҳоле боздошт шудаанд, ки мехостанд ин миқдори маводи мухаддирро ба Хуҷанд маркази вилояти Суғд ва сипас ба Русия интиқол диҳанд.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, роҳи Душанбе - Тошканд тавассути гарданаи Анзоб дар ҳоли ҳозир ба ҷодаи асосии транзитии маводи мухаддир табдил ёфта ва қисмати зиёди маводи мухаддири кашф ва мусодирашуда дар соли равон маҳз дар ҳамин масир будааст.
Худойназар Асозода - сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфт, қаблан низ дар чанд маврид кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо иттиҳоми интиқол ва ё тиҷорати маводи мухаддир боздошт шуда буданд. Оқои Асозода афзуд, дар қиболи ин ду корманди идораи умури дохилаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG