Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобиҳои нави селоб дар Тоҷикистон


Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, боришоти ғайримунтазира зиёди борон дар бархе аз навоҳии гирду атрофи шаҳри душанбе шаби 13 июл обхезиро дар пай дошт.
Мувофиқи иттиллоъи ситоди ҳолатҳои изтирории вазорати мазкур борони сел 13 июл ба хусус дар наздикии осоишгоҳи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб - 44 километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон ба инфраструктураҳои алоҳидаи иҷтимоиву тафреҳии ин минтақа хисороти иқтисодӣ расонидааст, аммо дар ин ҳодисаҳо касе осеб надидааст.
Назокатшоҳ Саёрабеков - корманди масъули дафтари вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар иртибот ба ин мавзӯъ 14 июл ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар километри 44-уми роҳи самти Душанбе-Хоҷа Обигарм тақрибан 400 метр роҳи мошингард шуста шуда, як купрӯк хароб гардид. Тақрибан 400 нафар истироҳаткунандагони осоишгоҳ дар вазъияти ногувор қарор доранд. "
Гуфта мешавад, бинобар хароб гардидани қисматҳои ҷудогонаи ҷодаи мошингарди Душанбе-Варзоб ва канда шудани пули иртиботии осоишгоҳи Хоҷа Обигарм убуру мурури истироҳаткунандагон ва ҳаракати нақлиёт дар минтақа мутаваққиф гардидааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, барои бартараф кардани авоқиби зиёнбори офати табиӣ ҷузву томҳои ин вазорат якҷо бо гурӯҳҳои вазорати нақлиёти ин кишвар машғули коранд ва интизор меравад ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе-Варзоб ба зудӣ аз сар гирифта шавад.
Боридани борони зиёд дар атрофи пойтахт ҳамчунин боиси фуруд омадани теппаҳои хок ба дохили рӯдхонаи Варзоб ва гилолуд шудани оби ошомидании шаҳри Душанбе шудааст, ки ба ин далел ду рӯз боз сокинони қисматҳои марказии шаҳри Душанбе аз истифодаи оби ошомиданӣ маҳруманд.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG