Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди ҳайъати низомии ИМА аз Душанбе


Як ҳайъати низомии Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико таҳти сарварии фармондеҳи Горди Миллии иёлати Вирҷиниаи ин кишвар Клод Вилямс ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши низомӣ бо намояндагони аршади вазорати дифоъи Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Бино ба иттиллоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон, ин ҳайъати низомӣ 28 июн вориди Тоҷикистон шуд.
Масъули дафтари матбуоти вазорат Заробиддин Сироҷев гуфт, яке аз аҳдофи сафари ин ҳайъат ошноӣ бо ҷараёни поксозии минаҳои зиддинафар дар Тоҷикистон мебошад: "Дар ҷараёни мулоқоти ҳайъати амрикоӣ бо раҳбари ситоди умумии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Рамил Нодиров ҳамкориҳои низомиву техникии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳайъат дар ҷараёни сафари худ ҳамчунин бо Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон ва баталёни минаҷӯии вазорати дифоъ шиносоӣ мекунад."
Дар ҳамин ҳол ҳайъати низомии ИМА бо намояндагони Маркази миллии майнрӯбии Тоҷикистон ва ба дунболи бо масъулини намояндагии Бунёди шветсарии поксозии минаҳо мулоқот анҷом дод. Абдусалоҳ Расулов - корманди Бунёди шветсарии поксозии минаҳо роҷеъ ба мӯҳтавои ин мулоқот гуфт: "Дар маркази диққати онҳо, масъалаи минаҳо, ҳаллу фасли мушкили минаҳо дар Тоҷикистон аст."
Заробиддин Сироҷев масъули дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, ҳайъати низомии Иёлоти Мутаҳидда роҷеъ ба натоиҷи диду боздидҳояшон аз ҷузъу томҳои вазорати дифоъ дар авохири ҳамин ҳафта бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи ин кишвар, дидору гуфтӯгу анҷом диҳад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG