Пайвандҳои дастрасӣ

Манилов боз ба Душанбе омад


Александр Манилов - муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Русия дар раъси як ҳайъати коршиносони низомӣ рӯзи душанбе, 28 июн вориди Тоҷикистон шуд. Тибқи иттиллоъи дафтари матбуоти нирӯҳои марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон ин ҳайъат масоили таъмини амнияти марзҳои ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ ва шароити ҳимояти муштараки ин марзро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ хоҳад кард.
Александр Кондратев - сухангӯи нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон дар ин робита гуфт: "Ҳайъати афсарону генералҳои нирӯҳои марзбонии Хадамоти амниятии федеролии Русия ҳамроҳ бо мақомоти Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон масоили таъмини амнияти сарҳадот ва идомаи фаъолияти муштараки нирӯҳои марзбонӣ Русияву Тоҷикистонро дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ хоҳанд кард."
Оқои Кондратев афзуд, музокироти тарафҳо пас аз дидору мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов руасои ҷумҳури ҳарду кишвар, ки дар авоили моҳи гузашта дар Сочи баргузор гардида буд, сурат мегирад. Дар ин мулоқот мавқеи кишварҳо дар робита ба сарнавишти нирӯҳои марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон тағйир ёфта ва музокироти имрӯза дар заминаи ҳамин тағйирот ҷараён мегирад.
Дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Азимов - раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон ба хабаргузории "ИТАР-ТАСС" гуфтааст, дар ин музокирот масъалаи таҳвили ҳимояти марз дар қитъаи Хоруғ аз сӯи нирӯҳои марзбонии Русия ба марзбонони Тоҷикистон аз масоили асосӣ хоҳад буд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG