Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Таввакалшоҳ Миров - гумонбар дар амалҳои террористӣ


Маъмурони интизомии Русия як шаҳрванди мавриди таъқиби додситонии Тоҷикистонро дар вилояти Пензаи ин кишвар дастгир намудаанд, ки дар судури як идда ҷиноятҳои сангин айбдор мешавад. Идораи умури дохилаи вилояти Пенза хабар додааст, Таваккалшоҳ Мирови 33-сола ҳафтаи гузашта дар ҷараёни як амалиёти муштараки кормандони ин идора ва намояндагони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боздошт шудааст.
Тибқи иттилоъи ҳамин манбаъ, Таваккалшоҳ Миров аз соли 1994 то соли 2001-ум яке аз аъзои фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноие будааст, ки масъули анҷоми як силсила ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯро аз ҷумла дар куштори 20 нафар, бахусус сарбозони рус дар Тоҷикистон, таркиш дар якчанд хонаи истиқоматӣ ва маркази насронии "Сонмин" ва ҳамчунин роҳзанӣ муттаҳам мекунанд. Мақомоти интизомӣ иддаъо доранд, ки Таваккалшоҳ Миров солҳои 1996-1997 дар Эрон тамрин дида ва улуми исломӣ омӯхтааст. Тибқи гуфтаҳои ин мақомот, ҳадафи аслии гурӯҳе, ки гумонбар узви он буд, халалдор кардани вазъи сиёсии Тоҷикистон будааст. Гуфта мешавад, Миров бо дастури раҳбари гурӯҳ соли 2001-ум як шаҳрванди Иронро дар Душанбе куштааст.
Соли 2002-ум ӯ бо шиносномаи қалбакӣ вориди Русия мешавад ва пас аз тағйири чандинбораи макони истиқомат дар вилояти Пенза сукунат ихтиёр мекунад. Дар баёнияи матбуотии идораи умури дохилаи вилояти Пенза омадааст, Таваккалшоҳ Миров бо дастури додситони кулли Тоҷикистон боздошт шудааст ва мақомот даст доштани ӯро дар ҷиноятҳо дар вилояти мазкур таҳқиқ мекунанд.
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG