Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарҳадбонони тоҷик боз як қисмати марзи ватанашонро зери назорат мегиранд


Масъалаи вогузории ҳимояти марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри марзбонони тоҷик дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи муовини фармондеҳи Хадамоти федеролии марзбонони Русия ба Тоҷикистон дубора баррассӣ хоҳад шуд. Нуралишо Назаров фармондеҳи ситоди кулли нирӯҳои марзбони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин масъала аз як соли пеш то кунун мавриди баррасии Русияву Тоҷикистон қарор доштааст ва ҳадаф аз сафари Александр Манилов - муовини фармондеҳи Хадамоти федеролии марзбонони Русия ба Душанбе ҳалли қазияи мазкур мебошад.
Баҳси таҳвили ҳифозат ва назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри марзбонони тоҷик замоне шурӯъ шуд, ки мӯҳлати даҳсолаи қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия дар ин замина эътибори ҳуқуқии худро аз даст дод. Ин қарордод, ки соли 1993 миёни ҳарду кишвар ва барои даҳ сол баста шуда, буд, пешбинӣ мекард, ки ба ҳангоми эъломи омодагии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳифзи сарҳад ҷониби Русия давра ба давра назорати марзро хоҳад супорид. Ба ҳамин далел Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон пешниҳодоти тозаи худро дар бораи шароити ҳузур ва мақоми ин нирӯҳо дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон тавассути каналҳои дипломатӣ ба Русия ирсол дошт. Қарор буд аз оғози моҳи майи соли равон нирӯҳои марзбонии Русия бархе аз қитъаҳои сарҳадиро дар самти Бадахшон раҳо ва ба ихтиёри ҳамтоёни тоҷики худ вогузор мекард ва ба ҳамин тартиб раванди ихроҷи нирӯҳои русӣ аз марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон то авохири соли 2005 ба анҷом мерасид.
Аммо дар ин миён дар мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов руасои ҷумҳури ҳарду кишвар чанде пеш дар Сочи мувофиқат карданд, ки марзбонони Русия то соли 2006 ҳифозати марзи мазкурро идома диҳад.
Нуралишо Назаров - фармондеҳи Ситоди кулли нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, қарор аст, дар ҷараёни сафари Александр Манилов - муовини Хадамоти федеролии марзбонии Русия ҳимояти марзи қитъаи Хоруғ дар вилояти Бадахшон ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор шавад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG