Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳифзи 0.5 грамм ҳероин дигар ҷиноят нест


Бар асоси ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳифзу нигоҳдории то 0.5 грамм маводи мухаддир ҷиноят ҳисобида намешавад. Маҳмуд Ғуломов - раиси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран ба хотири ихтисор ва сабук гардондани ҷазоҳои марбут ба ҳамлу нақл ва хариду фурӯши маводи мухаддир ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд: "Аз ин ба баъд 0.5 грамм ҳероинро нигоҳ доштан ҷиноят дониста намешавад." Оқои Ғуломов афзуд, то ворид намудани ин тағйирот барои ин ҷиноят 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шуда буд. Ба гуфтаи Маҳмуд Ғуломов раиси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ахиран 25 шаҳрванди кишвар, ки бо ин ҷиноят зиндонӣ шуда буданд, пеш аз мӯҳлат озод карда шуданд. Ва 26 парвандаи дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Дар ин ҳол яке аз сокинони пойтахт Гавҳар Насриддинова, ки бо ҳамин ҷурм 3 соли умри худро дар маҳбас паси сар кардааст, дар робита ба ҳамин тағйироти Кодекси ҷиноӣ мегӯяд, ин як иқдоми башардӯстона аст, аммо метавонад сафи мӯътодонро афзоиш диҳад: "Ман мехоҳам, ки ҳамин чизро, нагиранд."Коршиносон низ ба ин назаранд, ки ин дигаргунӣ дар Кодекси ҷиноӣ метавонад ба афзоиши теъдоди мӯътодон дар кишвар мусоидат кунад.
Сафаргул Олимӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG