Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷикро аз Челябинск ронданд


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Ҳаждаҳ нафар муҳоҷирони ғайриқонунии Тоҷикистон ахиран аз вилояти Челябинск воқеъ дар минтақаи Урали ҷанубии Русия ҷабран хориҷ карда шуданд. Ба гуфтаи Руслан Гилмендинов, намояндаи мақомоти вилоят дар умури коргарони хориҷӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳ, ба ҷурми ҳузури ғайриқонунӣ аз Русия хориҷ карда шудаанд.
Намояндаи мақомоти вилоят тавзеҳ кард, шаҳрвандони Тоҷикистон дар корхонаи оҳану бетон ғайриқонунӣ кор ва дар ҳамон ҷо хуфтухез мекарданд. Онҳо дар пайи як амалиёт аз суи пулис кашф гардиданд. Маъмурияти корхона муҳоҷиронро бо ваъдаи дар моҳ се ҳазор рубл дар шабонаруз то 15 соат кор фармуда, баъдан ин моҳонаро то 800 рубл пойин овардааст. Фаина Андреева, яке аз коргарон мегӯяд, ахиран ҳамин пули ночизро ҳам дарёфт намекардем.
Гуфта мешавад, корхонаи оҳану бетони Челябинск барои бозгашти муҳоҷирони Тоҷикистон аз тариқи ҳавопаймо ба ватан 86 ҳазор рубл харҷ кард ва ҳамзамон барои истифодаи ғайриқонунӣ аз нирӯи кории хориҷӣ ба маблағи бузург ҷарима дод.
Мақомоти Челябинск гуфтаанд, ин нахустин ихроҷи иҷбории хориҷиён аз минтақа аст. Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқшиносон мегӯянд, байни Русия ва Тоҷикистон муқаррароти раводид вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел ҳузури атбоъи ду кишвар дар хоки хоки ҳамдигар наметавонад қонуншиканӣ арзёбӣ шавад.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG