Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии Суғд фиребгарони муҳоҷирони кориро меҷӯяд


Додситонии вилояти Суғд дар қиболи 2 сокини ин вилоят, Турсунбой Урунов ва Бахтиёр Очилов бо иттиҳоми қочоқ ва истисмори инсон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи Абдумаҷид Алиев, муфаттиши шӯъбаи мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккили идораи умури дохила, ки тафтишоти ин қазияро бар ӯҳда дорад, ин ду нафар як гурӯҳи 24 нафараи ҷавонони сокини навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов барои муҳоҷирати корӣ ба шаҳри Маскав - пойтахти Русия бурдаанд, аммо дар он ҷо ҳар кадом аз муҳоҷиронро бар ивази 100 долларӣ ба корфармоён фурӯхтаанд. Ин манбаъ ҷониби кордиҳандаи Русияро ном набурд, вале афзуд, тӯли 2 моҳи ахир муҳоҷирони кории суғдиро ба иҷрои корҳои бемузд маҷбур кардааст.
Парвандаи ҷиноӣ бар пояи шикояти нафаре аз гурӯҳи муҳоҷирони корӣ, ки аз Маскав ба Хуҷанд фирор кардааст ва падару модарони муҳоҷирон, ки тавассути номаи фарзандони худ аз қазия дарак ёфтаанд, боз шудааст. Тафтишоти қазияро идораи умури дохилаи Суғд пеш мебарад ва бино ба иттилоъи ин манбаъ, Бахтиёр Очилов ва Турсунбой Урӯнов, ки барои қочоқу истисмори муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Маскави Русия муттаҳам мешаванд, дар ҳоли ҳозир боздошт нашудаанд ва дар ин кишвар ба сар мебаранд. Идораи умури дохила мегӯяд, дар бораи вазъи 23 муҳоҷири кории суғдӣ, ки дар чанги корфармоёни Маскав афтодаанд, иттилоъи дақиқе дар даст надорад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз Хуҷанд
XS
SM
MD
LG