Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев: "Тоҷикистону Қирғизистон ҳомии якдигаранд"


Раиси ҷумҳури Қирғизистон Аскар Оқоев ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар пойтахти Тоҷикистон 8 санад, аз ҷумла аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар, созишнома дар бораи содда кардани дарёфти шаҳрвандӣ дар ҳар ду кишвар ва як санади дигар роҷеъ ба иртибототи ҳавоӣ ва ҳифзи муштараки иттилооти махфӣ имзо карданд. Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳамтои қирғизи ӯ таъкид намуданд, ки асноди тоза ба имзорасида барои тавсиаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшхои мухталиф мусоидат хоҳад намуд.
Аз ҷумла президент Раҳмонов зикр намуд, ки имзои тафоҳумнома дар бораи марз барои аломатгузории марзи муштараки 911 километраи миёни ду кишвар имкони мусоид фароҳам меорад. Аскар Оқоев низ таъкид кард, ки дар ҳалли масъалаҳои марзӣ кӯшиш мекунанд, то манофеи ҳар ду давлат ба назар гирифта шавад.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин гуфт "Мо кишварҳои кӯчак ҳамеша ҳамдигарро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ ва созмонҳои дигар пуштибонӣ мекунем."
Ҳамчунин дар нишасти матуботие, ки пас аз маросими имзогузорӣ ба созишномаҳо сурат гирифт, таъкид шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар саргаҳи манобеи оби Осиёи Марказӣ қарор доранд ва бо назардошти ин шароит дар фасли киштукор ба тақсими дурусти об дар байни ҳамаи кишварҳои ҳамсоя аҳамият медиҳанд. Роҷеъ ба мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир ва махсусан дар иртибот бо кишти зиёди кӯкнор дар Афғонистон Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамкории амалии муштарак таъкид карданд.
Сафаргули Олимӣ аз Душанбе
XS
SM
MD
LG