Пайвандҳои дастрасӣ

Нақш ва ҷойгоҳи адвокат дар Тоҷикистон


Масоил ва мушкилоти вакилони мудофиа ва ё адвокатҳо дар Тоҷикистон дар як ҳамоиш бо ширкати намояндагони додситонӣ, додгоҳ ва вакилони мудофиа ва созмонҳои байналмилалӣ таҳти унвони "Адвокат дар шароити муосир: мушкилот ва вазоифи ӯ", ки бо ибтикори Созмони адвокатҳои Тоҷикистон ва мусоидати маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) рузи 25 май дар Душанбе баргузор гардид, мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.
Рикардо Лепри, мушовири масоили ҳуқуқи инсони маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ва аз дастандаркорони ин ҳамоиш гуфт, мушкилоти муносибат бо фаъолияти адвокатҳо дар ҳама кишварҳои ҷамоҳири шуравии собиқ тақрибан яксон аст ва дар ин миён Тоҷикистон истисно буда наметавонад.
Оқои Лепри гуфт: "Аксарияти мавориди нақзи ҳуқуқи башар аз нокифоятии нақши ҳимоя ба вуҷуд меояд. Ин маворид бештар дар вақти боздошт, ба ҳангоми тафтишоти қаблӣ ва дар ҷараёни баррасии парванда дар додгоҳ сурат мегирад. Мушкилоти асосии вакилони мудофиа риоят нашудани шароити мулоқоти дар хилват бо гумонбар, дастрасӣ надоштани вакилони мудофиа бо маводи тафтишот мебошад. Дар чунин шароит адвокат чӣ гуна метавонад аз ҳуқуқи гумонбар ҳимоят кунад?"
Оқои Лепри ҳамчунин афзуд , ки ҳарчанд аз истиқлолияти Тоҷикистон бештар аз як даҳсола сипарӣ шуда ва ин кишвар асноди бунёдии марбути ҳуқуқи башари байналмилалиро пазируфтааст, дар амалия иҷроиши онҳо камтар ба мушоҳида мерасад.
Қаюм Юсуфов, раиси Конуни адвокатҳои Тоҷикистон ва яке дигар аз иштирокдорони ҳамоиши мазкур мегӯяд, мақомот нақш ва ҷойгоҳи вакили мудофиаро дар ҷараёни бозрасӣ ва муҳокимаи шахси гумонбар ба эътибор намегиранд. Ба гуфтаи оқои Юсуфов, давлати Тоҷикистон ба иллати мушкилоти иқтисодӣ натавонистааст, ҳаққи хидмати адвокатҳоро пардохт кунад.
Ӯ меафзояд: "Мувофиқи Қонун дар бораи адвокатура фаъолияти ройгон низ мекунанд, ки ин фаъолияти онҳо аз тарафи буҷаи давлат бояд пардохт карда шавад. Ва имрӯз хато намекунам, агар бигуям, ки буҷаи давлат дар назди институти адвокатура ба маблағи сад ҳазор сомонӣ қарздор аст.Зеро ба худи ман буҷаи давлатӣ ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Дар вақте, ки мо бо таьйиноти судҳо муроҷиат мекунем ба ҳукуматҳо оид ба руёнидани ҳаққи хизмати адвокат, ба мо бо ибораи аллакай забонзадашуда ҷавоб мегардонанд, ки дар буҷаи маҳаллӣ барои пардохт кардани ин хизматҳо пуле пешбинӣ нашудааст."
Оқои Юсуфов мегуяд, бар асоси пешбинии қонуни адвокатураи кишвар, дар сурати ироаи хидмати ройгони вакилони мудофиа барои ниёзмандон аз қишри нодори ҷомиа ин маблағро бояд давлат аз ҳисоби буҷа бипардозад.
Аммо Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофиа аз ноҳияи Роҳи Оҳани пойтахт мегуяд, як мушкиле, ки дар чанд гоҳи ахир пешорӯи адвокатҳо пайдо шудааст, бархӯрди номуносиби додрас ва ё судяҳоест, ки тоза ба масъулият даст ёфтаанд: "Ва яке аз камбудиҳо аз ин иборат мебошад, ки дар сохтори судӣ, яьне дар сохтори Шурои адлияи Тоҷикистон ва судҳои поёнӣ он судяҳое алакай роҳ ёфтаанд, ки бесалоҳиятанд, тасодуфӣ ҳастанд. Ва бинобар тасодуфию бесалоҳият будани онҳо, ҳамин гуна ҳукмҳо, ҳамин гуна ҳаллномахо бароварда мешавад".
Ба ақидаи аксари вакилони мудофиа, ки дар ин ҳамоиш суханронӣ карданд, ҳуқуқи онҳо бештар аз суи муфаттишон ва додрасҳо қасдан муроот намешавад.
Аммо Исроил Мирзоев, муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба ин ақида розӣ нест. У мегӯяд, муносибат бо вакилони мудофиа дар ҷараёни муҳокима бар пояи муқаррароти қонун сурат мегирад: "Бисёре аз арзу шикоятҳое ҳастанд, ки аз тарафи адвокатҳо пешниҳод мешаванд, ва дар натиҷаи омузиш аз болои ҳаллномаҳо эътирозҳо оварда мешаванд. Албатта, шикояти қонунӣ бошад, ба эътибор гирифта мешавад. Новобаста аз он ки адвокат меорад, прокурор меорад ва ё шахси боздоштшуда, аз рӯи инсоф, аз руи адолат, аз рӯи қонун баррасӣ мешавад."
Гуфтанист, ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан панҷсад нафар дар ҳайъати Созмони адвокатҳои Тоҷикистон дар Душанбеву навоҳии атрофи он, Созмони адвокатҳои мустақили вилояти Суғд ва бо муҷаввизи вижаи вазорати адлия ва ё додгустарӣ ба ҳайси вакили мудофиа фаьолият доранд.
Аммо ширкатдорони ҳамоиши Душанбе ба намояндагӣ аз куллия вакилони мудофиаи Тоҷикистон нигаронӣ аз таъхири қабули тарҳи Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон доранд, ки тайи панҷ соли охир дар баррасии парлумон қарор дорад. Ба ақидаи вакилони мудофиа, маҳз мақомоти додситонии Тоҷикистон, ки дар сурати қабули ин тарҳ аз қисмати аъзами имтиёзот маҳрум хоҳанд шуд, мониаи асосӣ дар роҳи қабули ин тарҳ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Рикардо Лепри, мушовири ҳуқуқии маркази САҲА дар Тоҷикистон гуфт, қарор аст дар як сафари намояндаи хоси СММ ба Душанбе, ки интизор меравад дар моҳи июн доир шавад, мавзуъи мустақилияти низоми додгоҳӣ ва мақоми вакили мудофиа дар қонунгузории кишвар ва ҳамчунин сарнавишти тарҳи Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо президент баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG