Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияҳои миллии Екатеринбург тазоҳуроти зиддитоҷикиро маҳкум карданд


Роҳбарони иттиҳодияҳои миллии Екатеринбург тайи як ҷаласаи фаврӣ тазоҳуроти сокинони шаҳраки Широкая речкаро ,ки дар ҷараёни он даъватҳои ихроҷи зодагони Тоҷикистон садо дод, маҳкум карданд. Дар ин бора шабакаи 4 телевизиони вилояти Свердлов хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, сабаби ба ҷаласаи фаврӣ ҷамъ омадани роҳбарони иттиҳодияҳои миллӣ, гирдиҳамоии созмондодаи маркази «Шаҳри бидуни маводи мухаддир» мебошад. Президенти марказ Андрей Кабанов ва депутати Думаи Давлатии Русия Евгений Ройзман аз мардум даъват карданд, ба ҳуҷҷате, ки дар он талаб карда мешавад, тоҷикон аз қаламрави вилоят хориҷ ва бо Тоҷикистон режими виза ҷорӣ гардад, имзо бигузоранд.
Бурҳон ва далели асосии созмондеҳони тазоҳурот ин аст, ки бахши аъзами маводи мухадир ба минтақа маҳз аз Тоҷикистон таҳвил мешавад. Дар ҷавоб сарварони иттиҳодияҳои миллӣ тасмим гирифтанд, ки ба мақомоти интизомӣ бо хоҳиши арзёбии кирдори марказ муроҷиъат намоянд ва дар ҳолати зарурат роҳбарони «Шаҳри бидуни маводи мухаддир»ро ба додгоҳ бикашонад. Ба эътиқоди намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ чунин амалҳо метавонад, мӯҷиби низоъҳои байниқавмӣ гардад.
Ба гуфтаи Фаррух Мирзоев, раиси созмони "Сомониён" дар ҷаласа намояндагони иттиҳодияи миллии арманӣ, озарбойҷонӣ, тоторӣ, бошқирдӣ, ӯзбакӣ, яҳудӣ, ҷамъ 15 ҷамъият ширкат доштанд ва ба муроҷиатномаи мо имзо гузоштанд.
Фаррух ҳамчунин гуфт, ки тақаллубкории созмондеҳони митинг ҳам ошкор шуд. Онҳо мегуфтанд, ки дар митинг 1000 нафар иштирок дошт, аммо телевизион хабар дод, шумораи иштирокунандагон 50-100 нафар будааст. Телевизион хабар дод, дастгоҳи волии Свердлов эълом дод, Эдуард Россел низ хостори баррасии мавзӯъ шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар Русия 24 иттиҳодияи иҷтимоии муҳоҷирони тоҷик фаъол аст. Аксари онҳо бо мақомоти минтақаӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда, барои буду бош як навъ фазои нисбатан ором эҷод карданд.
Гуфта мешавад, дар ҳоле, ки мақомоти олии Русияву Тоҷикистон аз созишномаи танзими муҳоҷират байни ду кишвар барои даст ёфтан ба ҳадафҳои сиёсии худ суйистифода мекунанд, дипломатияи мардумӣ ягона василаи коҳиши фишор сари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошад ва аммо маълум мешавад, иттиҳодияи тоҷикони муқими Екатеринбург дар ин росто ҳанӯз ба тавфиқ нарасидааст. Дар вилояти Свердлов беш аз 100 ҳазор оворагони тоҷик паноҳ мебаранд ва ҳудудан 4 ҳазори онҳо муқимӣ шудаанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав
XS
SM
MD
LG