Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон воридоти гӯшти мурғро манъ накардааст


Муовини сардори раёсати байтории вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабари бархе расонаҳо дар мавриди комилан манъ кардани воридоти гӯшти мурғ ба ин кишварро рад кард. Абдураҳмон Муҳаммадшоев - муовини раёсати байтории вазорати кишоварзӣ - гуфт, мақомоти Тоҷикистон дар ин замина ахиран ҳеҷ тасмиме нагирифтаанд. Ӯ афзуд, ҳанӯз дар се моҳи пеш воридоти гӯшти мурғ ва фаровардаҳои мурғӣ аз кишварҳое, ки бемории сармохӯрдагии мурғӣ шуйӯъ кардааст, бо ҳамоҳангии Маркази ҷаҳонии байторӣ мамнӯъ шуда буд, вале дубора бархе аз ин кишварҳо иҷоза ёфтанд, ки гӯшти мурғро ба Тоҷикистон ворид кунанд. Дар ҳоли ҳозир гуфт, ў воридоти гӯшти мурғ танҳо аз кишварҳое назири Чин, Покистон мамнӯъ аст, ки дар асл ба Тоҷикистон гӯшти мурғ содир намекунанд.
Оқои Муҳаммадшоев афзуд: "Ба мо асосан аз Эрон меоранд ва қисман аз Амрико. Мо бо Эрон дар масъалаи ин беморӣ ягон проблемаи зиёдатӣ надорем, лекин дар масъалаи Амрико иёлатҳое, ки ин навъи беморӣ дар он ҷо нест, иҷоза медиҳем."
Ба ҳар сурат ба гуфтаи мақомоти идораи байторӣ, то ба ҳол ҳеҷ маврид гирифторӣ ба ин бемории мурғӣ дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст. Вале ба гуфтаи муовини сардори идораи бойторӣ, имкони бо роҳи қочоқӣ, ё аз тариқи кишвари севвум ворид шудани гӯшти мурғ аз кишварҳое, ки воридот манъ шудааст, аз эҳтимол дур нест ва аз ин хотир мебояд дар бархӯрд ба масъала боэҳтиёт буд.
Оқои Муҳаммадшоев гуфт, Тоҷикистон бар асоси маълумоти Маркази байналмилалии байтории Фаронса дар ин маврид тасмим мегирад ва дар ҳоле, ки асноди муқаддамотии вуруд ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро пазируфтааст, наметавонад, бидуни далел ва ҳамоҳангӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ воридотро ба кишвар мамнӯъ кунад.
Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
XS
SM
MD
LG