Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон қарзи Тоҷикистонро бармегардонад


Ба дунболи бизнес-форуми кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Осиёи Марказӣ 7 май дар Алмаато ҷаласаи сеюми Комиссиюни байниҳукуматии Қазоқистону Тоҷикистон доир гардид. Ба гуфтаи Владимир Школник - вазири энергетика ва захоири маъдани Қазоқистон, ки ҳайъати ин кишварро роҳбарӣ менамуд, ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар риштахои энержӣ, об, кишоварзӣ, саноат, транспорт ва ғайра баррасӣ намуданд. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода - муовини нахуствазири Тоҷикистон ва раҳбари ҳайъати ин кишвар аз раванди ҳамкорӣ бо Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда таъкид кард, ки Қазоқистон барои Тоҷикистон шарики муҳимест. Тоҷикистон аз Қазоқистон ғалла, метал ва соири маҳсулот мегирад ва дар Тоҷикистон чандин корхонаҳои муштарак фаъолият мекунанд. Як масъалае, ки то ба имруз ҳалли худро пайдо накарда буд, ин қарзи ҷониби Қазоқистон аз истифодаи нерӯи барқи Тоҷикистон ба маблағи беш аз 11 миллион доллар буд ва Қазоқистон бори нахуст ин қарзро ба зимма гирифт.
Оқои Тураҷонзода дар ин робита афзуд: "Ҷониби Қазоқистон қабул дорад. Маблағи 9 миллион доллараш бидуни ҳеҷ мулоҳиза аз ҷониби Қазоқистон қабул шудааст, дар масъалаи 3 миллион доллар тақрибан баҳсҳое вуҷуд дорад. Ин қарзи давлатӣ нест, аммо ҳукумати Қазокистон дар ҳамин ҷаласа аввалин бор ба зимма гирифт, ки вазорати энержиаш кумакҳое мекунад, барои баргардонидани ин қарз, агарчанде аз соли гузашта баргардонидани қарз шурӯъ шудаст.Соли гузашта дар ҳудуди сесад ҳазор доллар пардохта буданд."
Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссиюни байниҳукуматии тиҷоративу - иқтисодӣ ҷониби Тоҷикистон як масъалаи дигар - ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷикро дар ин кишвар ба миён гузошт. Таври маълум Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишварест, ки дар он шумораи зиёди муҳоҷирони кории тоҷик фаъолият доранд. Ва ба гуфтаи раҳбари ҳайъати Тоҷикистон, ҷониби Қазоқистон ин пешниҳодро пазируфт ва ҳатто раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳам изҳори омодагӣ кардааст барои имзои чунин ҳуҷҷат. Дар комиссиюн ҳангоми баррасии ин мавзӯъ ҷонибҳо вазорати марбутаи Қазоқистонро вазифадор намуданд, ки тавофуқоти дохили ҳукуматии хешро ба анҷом расонанд ва ин ҳуҷҷат баъди чунин мувофиқа ба имзо хоҳад расид.
Ҷаласаи сеюми байниҳукуматии Қазоқистону Тоҷикистон бо имзои протоколи ҳамкорӣ анҷом пазируфт, ки дар он самтҳои асосии равобити иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар мушаххас гардидааст.
Насибҷон Амонӣ аз Алмаато
XS
SM
MD
LG