Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баргузории конфронси байналмилалии манъи истифодаи минаҳо дар Душанбе


Иҷрои тааҳуди байналмилалии Тоҷикистон дар мавриди минаҳои зидди нафар, масъалаи вуҷуди минаҳо дар марзи Узбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон зарурати маблағгузорӣ ҷиҳати поккории минаҳо аз мавзуҳои асосии як ҳамоиши байналмилалӣ бо ширкати намояндагони созмонҳои мухталиф ва кишварҳои минтақа буд, ки 15 апрел дар шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намуд.
Мавзуи калидии баҳс дар ин нишаст масоили безарарсозии манотиқи минакоришудаи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор бо он, аз қабили Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон мавриди баҳси ширкатдорон қарор гирифт. Вилям Пейтон ҳамоҳангсози Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо таъкид ба зарурати муқарароти конвенсияи Оттава дар мавриди аз байн бурдани минҳо Тоҷикистонро дар Осиёи Миёна як кишвари намунавӣ ҳисобид, ки қабл аз муҳлати таъйиншуда, захоири минаҳои зидди нафари худро маҳв намуд.
Аммо масъалаи аз байн бурдани 16 ҳазор минае, ки аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондаанд, як мушкили ҳалношуда боқӣ мондааст. Соли гузашта Маркази миллии минарубии Тоҷикистон бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ марҳалаи техникии безараргардонии минаҳоро дар навоҳии марказ ва шарқи кишвар пиёда сохт ва дар маҷмуъ 14 минтақаи минакоришударо шиносоӣ намуд. Бар асоси маълумоти расмӣ, манотиқи минакоришудаи Тоҷикистон 2 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Холиқи Сангин
XS
SM
MD
LG