Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Тоҷикистон мунтазири истирдоди Сайвалӣ Содиров аст


Бино ба иттилоъи додситонии кулли Тоҷикистон, Сайвалӣ Содиров, бародари Ризвон Содиров фармондеҳи опозитсиюни пешини тоҷик дар шаҳри Иркутски Русия аз тарфи мақомоти амнияти ин кишвар боздошт ва бар асоси дархости додситoнии кулли Тоҷикистон дар садади интиқол ба Душанбе мебошад.
Сайвалӣ Содиров, ки аслан бо номи Валӣ маълум буд аз соли 1997 ба ин тараф аз суи мақомоти интизомии Тоҷикистон ҷустуҷу мешуд. Бар асоси хабари додситони кулл, вай яке аз аъзои гуруҳи мусаллаҳи худсари Ризвон ба шумор меравад, ки дар амалҳои куштору таъқиб ва одамрабоӣ ин гуруҳ ҳамдастӣ кардааст. Додситонии кулл мегуяд, то замони интиқоли у аз Русия, аз шарҳи бештар дар робита ба сарнавишти Сайвалӣ Содиров худдорӣ мекунад.
Ва аммо бар асоси хабари ҳалқаҳои мухолифини пешини тоҷик, Сайвалӣ бародари чоруми Ризвон Содиров будааст, ки дар баҳори соли 1997, ҳангоме, ки Ризвон бо гуруҳи худ дар минтақаи Оби гарм 70 километрии шарқи пойтахти кишвар дар мухолифат бо Иттиҳодияи оппозитсиюни пешин қарор дошт, бо гаравгонгирии ду намояндаи комиссияи оташбаси сулҳи тоҷикон Юсуф Ҳакимов ва Иззатуллои Дарё, ки узви иттиҳоди опозитсиюн буданд, тавонист бародари худ Сайвалиро, ки дар асорати Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини оппозитсиюн дар ҷабҳаи Тавилдара, ҳоло вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба сар мебурд, иваз кунад.
Пас аз кушта шудани Ризвон Содиров дар пайи як амалиёти вазоратҳои амният ва умури дохилаи Тоҷикистон моҳи декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе, Сайвалӣ ба Русия паноҳ бурдааст. Аммо рузи 7 апрел хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ дод, ки Сайвалӣ Содиров, аз вилояти Иркутск ба Душанбе истирдод карданд. Дар ин вилоят Сафаралӣ Содиров таҳти номи Саид Алиев дар як бозор тиҷорат мекардааст.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG