Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 370 кило маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Нируҳои марзбонии Русия мустақар дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дар моҳи марти соли равон аз қочоқи 370 кило маводи мухаддир ҷилавгирӣ кардаанд. Александр Кондратев, масъули дафтари матбуотии нируҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон гуфт, аз ин миқдори маводи мухаддири мусодирашуда 200 килограммашро ҳероин ташкил мекунад.
Алесандр Кондратев, масъули дафтари матбуотии Нируҳои марзбонии Русия гуфт, ки тайи ду амалиёти муштарак бо кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи март 7 кушиши убури ғайриқонунии гуруҳҳои қочоқчии маводи мухаддирро ноком сохта ва 41 сарҳадшиканро боздошт кардаанд. Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти муштараки ин нируҳо дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон 5 пинҳонгоҳи силоҳу муҳимот кашф ва аз ҷумла ду мушакандоз, ду мили Калашников, 20 адад мина ва як дастгоҳи мухобиротии сохти хориҷӣ мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG