Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Душанбе аз Эмомалӣ Раҳмонов тақозо кардааст, ба азобу шиканҷаи маҳбусон хотима диҳад


Саодат Қодирова, як сокини шаҳри Душанбе, бо ирсоли номаи саркушода ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори авфи шавҳар ва ду бародараш шудааст. Шавҳар ва бародарони хонум Қодирова бо гуноҳи фаъолият дар созмони мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-Таҳрир" ба солҳои тулонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Хонум Қодирова дар мактуби худ навиштааст, ки пайвандони вай ҳангоми ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-Таҳрир" ба ҳеҷ гуна амали ғайриқонунӣ даст назадаанд ва танҳо бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодии изҳори ақида мардумро даъват кардаанду бас.
Саодат Қодирова мегуяд, ин амали онҳо лиҳози озодии сухан ва меъёрҳои низоми мардумсолорӣ раво мебошанд. Хонум Қодирова дар номаи худ ба унвони раиси ҷумҳур таъкид кардааст, шавҳар ва бародарони вай аз замони боздошт то кунун мавриди таҳқиру лату куб ва шиканҷа қарор доранд. Илова бар ин шароити зист дар маҳбас сангин буда, барои як хонаводаи бепарастор таъмини шавҳару ду бародар бо дармону даво мушкиласт.
Саодат Қодирова ба президент Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат кардааст, ки ин амалҳои ноадолатонаро, ки нисбати наздикони у ва умуман ба афроде, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар маҳбасҳои Тоҷикистон раво мебинанд, хотима диҳад.
Вақте, ки мо бо хонум Қодирова тамоси телефонӣ гирифтем, вай аз шарҳи мактубаш худдорӣ намуда, гуфт номае, ки ба нишонии идораи Радиои Озодӣ дар Душанбе навиштаам, кифоя аст. Воқеан як нусха аз номаи саркушодаи Қодирова 3 март ба идораи Радиои Озодӣ дар Душанбе расид.
Мо дар пайи ин нома ба шуъбаи дастгоҳи раёсати ҷумҳур муроҷиат намудем, аммо намояндагони ин шуъба изҳори бехабарӣ карданд. Аммо дар шуъбаи вазорати адлияи Тоҷикистон изҳор доштанд, ки аз номи Саодат Қодирова ба онҳо нома расидааст ва расман ба қайд гирифта шудааст.
Дилсуз Шодиева, намояндаи шуъбаи номаҳои вазорати адлияи кишвар дар робита ба ин нома мегуяд: "Ин мактуб ба мо омадагӣ аст, рузи 2 март. Шавҳар ва бародаронаш дар маҳбаси рақами 1 шаҳри Душанбе ҳастанд ва додараш дар маҳбаси Хуҷанд. Ба фикрам онҳо мехоҳанд, ҷаноби президент онҳоро авф кунад."
Аз суҳбат бо Дилсуз Шодиева рушан гашт, ки вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов ин номаро баррасӣ намуда, барои тафтиш ба раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон, ки тобеи ҳамин вазорат аст, ирсол кардааст.
Намояндаи раёсати маҳбасҳо Суҳроб Ҳидоятов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мо ба ҳамаи маҳбусҳо новобаста аз мансубияташон ба ин ё он гуруҳу ҳизб муносибати ягона дорем. Ҳидоятов афзуд, "Ҳизб-ут-Таҳрир", ки сиёсати зидди ҳукумати Тоҷикистонро пеш мебарад ва як неруи тундгаро шинохта шудааст, аз ин ҷиҳат аз давъату ҳамкорӣ ва густариши фаъолияти он дар Тоҷикистон ҳатман ҷилавгирӣ мешавад.
Ҳидоятов ҳамчунин ин гуфтаҳоро, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон, маҳбусони мансуб ба "Ҳизб-ут-Таҳрир" мавриди азобу шиканҷа қарор доранд, беасос хонд ва афзуд: "Вай аз Ҳизби Таҳрир аст ва ё ғоратгар аст, барои мо фарқ надорад. Аз даруни маҳбас ягон кас шикояти шиканҷа додану ягон чиз надоранд, барои он ки мо прокурори назоратӣ дорем, дар ин ҷо шуъбаи калон аст, дар прокуратураи ҷумҳурӣ ва прокуратураи дигар ҳаст, ки ҳафтае ду-се бор намояндагони онҳо омада, маҳбасҳоро мебинанд."
Бино ба иттилоъи вазорати умури дохила, танҳо дар як моҳи соли равон 50 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт шудааст. Аммо дар ҳамин ҳол як намояндаи Комиссияи назорат бар ҳуқуқи инсон дар назди раиси ҷумҳур, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар иртибот ба сарнавишти номаи Саодат Қодирова гуфт, дар ҳоли ҳозир дар бораи ба кадом шакл ҳал шудани ин масъала чизе гуфта наметавонад, зеро дар ин маврид хулосаи раёсати маҳбасҳои назди вазорати адлияи кишвар зарур аст.
XS
SM
MD
LG