Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Русия хостори ҳалли сиёсии қазияи Либия аст


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки кишвараш хостори хатми амалиёти низомӣ ва ҳалли сиёсиву дипломатии қазияи Либия аст.

Изҳороти Лавров дар ин бора дар поёни нишасти Шӯрои Руссия-НАТО дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ пахш шуд. Ин нишаст дар чаҳорчӯби ҷаласаи дурӯзаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Берлин баргузор шуд.

Сергей Лавров ба зарурати шурӯъи музокирот миёни ҷонибҳои даргир дар Либия ишора кард ва интиқоли силоҳ ба ин кишварро маҳкум намуд.

Андерс фог Расмуссен, дабири кулли НАТО имрӯз дар нишасти Берлин гуфт, ки Паймон то истеъфои Қаззофӣ амалиёти низомиро дар Либия идома хоҳад дод.

Аз ин пеш вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО хостори истеъфои Қаззофӣ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG