Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯби низомиёни горди президентӣ дар Буркина-Фасо


Дар Буркина-Фасо, воқеъ дар ғарби Африқо, низомиёни горди президентӣ ошӯб бардоштанд.

Бар пояи хабарҳо, шаби гузашта дар пойтахти кишвар Уагадугу низомиёни аз дер пардохт шудани маош норозӣ сӯи ҳаво оташ кушоданд ва сипас ба чанд муассиса, аз ҷумла, ба бинои радиои давлатӣ ҳамла ва чанд мағозаро ғорат карданд. Дар бораи қурбониёни ҳодиса хабар дода намешавад.

Бар пояи хабарҳо, раисиҷумҳур Блэз Компаоре пойтахтро тарк намудааст ва айни ҳол макони буду боши ӯ маълум нест. Намояндаи ошӯбгарон то ҳол ягон изҳороти расмӣ пахш накардаанд.
XS
SM
MD
LG