Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия барои тазоҳуроти зиддидавлатӣ омода мешавад


Сурия худро барои тазоҳуроти бештар омода мекунад, чун интизор меравад, баъди намози ҷумъа имрӯз мардум ба хиёбонҳо бирезанд. Башшор Ассад, раиси ҷумҳури Сурия таҳти фишори тазоҳургарон ва ба хотири фӯру нишондани танишҳо, ҳукумати навашро муаррифӣ кард ва амр дод, то боздоштшудагонро раҳо кунанд. Хабаргузории расмии Сурия мегӯяд, аз ҷумла онҳое низ раҳо хоҳанд шуд, ки дар мавҷи тазоҳуротҳои гузашта дастгир шуданд. Айни замон гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе афроди дигаре дар шаҳри Даръо саҳнаи аслии тазоҳуроти хушунатбори зиддидавлатӣ дастгир шудаанд. Ба гуфтаи ин гурӯҳҳо то кунун дар ҷараёни тазоҳуротҳо 200 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG