Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳри Басраи Ироқ мӯҳтоҷи 700 мактаби нав


Мақомоти Ироқ мегӯянд, танҳо вилояти ҷанубушарқии Басра ҳоло мӯҳтоҷи 700 мактаби нав аст. Ба гузориши бахши ироқии Радиои Озодӣ, бинобар ин камӣ, дар баъзе аз мактабҳо муҳассилин дар се навбат дарс мехонанд. Дар Басра, барои 700 ҳазор нафар муҳассил 900 мактаб вуҷуд дорад ва дар ин 900 мактаб муҳассилони бештар аз 1400 мактаб таҳсил мекунанд. Салмон Довуд, як мақоми шӯъбаи вилоятии маориф гуфтааст, ҳукумати Ироқ барои сохтмони мактабҳои нав дар Басра 381 миллион доллар ихтисос додааст вале мушкилоти ёфтани замин барои ин мактабҳо вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG