Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду гумонбари ҳамла ба метрои Минск


Мақомоти Беларус мегӯянд, дар иртикоби парвандаи ҳамлаи хунин ба метрои Минск ду гумонбар, бо шумули нафари гумонбар дар гузоштани бомб дар истгоҳи метроро дастгир кардаанд. Муовини додситони кулли Беларус Андрий Швед гуфт, ҳарду гумонбар атбоъи Беларус буда, бозпурсӣ шудаанд. Бар асари таркиши рӯзи 11 апрел дар як истгоҳи пуриздиҳоми метрои Минск 12 нафар кушта ва беш аз 150 тан захмӣ шуданд.
Имрӯз дар Беларус ба ёди қурбониёни он ҳамларӯзи мотам эълон шудааст. Мақомоти Беларус таркиши метроро амали террористӣ унвон мекунанд, вале далели ҳамла норӯшан боқӣ монда, то ҳол касе ҳам масъулияташро бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG