Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Сурия вориди Байда шуданд


Тонкҳои артиш дар Бониёс
Тонкҳои артиш дар Бониёс
Фаъолони ҳуқуқи башар ва шоҳидон мегӯянд, нирӯҳои амниятии Сурия имрӯз ба як шаҳри воқеъ дар наздикии бандари Бониёс ҳамла оварданд ва аз онҷо садои тир шунида мешуд.
Ба гуфтаи сокинон, зиреҳпӯшҳо вориди Байда шуда, сарбозон ба тирандозӣ пардохтанд ва нирӯҳои амниятӣ ба манзилҳо ворид шуда, мардумро боздошт мекунанд.
Рӯзи якшанбе дар Байда бо дасти нирӯҳои амниятӣ дастикам 4 тазоҳургар кушта шуда буд. Эътирозҳо бо талаби ислоҳоти сиёсӣ аз режими Башор Асад аз 15 март оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG