Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихроҷи 2 донишҷӯи мухолиф аз донишгоҳи Боку


Турал Аббослӣ

Турал Аббослӣ

Ду узви ҷавони аҳзоби мухолифи Озарбойҷонро аз донишгоҳи давлатии Боку хориҷ кардаанд. Фақат дирӯз маълум шуд, ки Турал Аббослӣ, раҳбари бахши ҷавонони ҳизби Мусовот ва донишҷӯи соли ниҳоии риштаи журналистика ҳанӯз рӯзи 6 апрел ихроҷ шудааст. Ялчин Ализода, декани ин ришта ба радиои Озодӣ гуфт, ки Аббослиро ба маҳзи беш аз 100 соат шудани соатҳои ғуюбаш аз дарс ва напардохтани 900 манат( 1135 доллар) ҳаққи таҳсил берун кардаанд. Аммо модари ӯ мегӯяд, Турал Аббослиро ба далоили сиёсӣ ва ба маҳзи ширкат дар эътирозҳои ахир аз донишгоҳ хориҷ кардаанд.
Донишҷӯи дуввум Ҷовид Меҳралиев, узви Ҷабҳаи халқии Озарбойҷонро рӯзи 5 апрел дар пайи ширкат дар раҳпаймоиҳои эътирозӣ аз рӯйхати донишҷӯён берун кардаанд.
XS
SM
MD
LG