Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳи январи соли ҷорӣ ҳамроҳ бо тағйироти дигар дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират низ ташкил ёфт.

Ин натиҷаҳои дархостест, ки аз солҳо пеш ҳам муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳам коршиносони умури муҳоҷират бо назардошти аҳамияти иқтисодии муҳоҷирати корӣ барои рӯзгори хонаводаҳои муҳоҷирон онро матраҳ карда буданд. Ҳоло аксари онҳо мегӯянд, бо ташкили чунин хадамот ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала бархӯрди ҷиддӣ нишон додааст ва омода аст мушкилотеро, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия доранд, барои ҳал бо мақомоти Русия дар миён гузорад. Аз тарафи дигар, ташкили хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон навъе пайравӣ аз сохторҳои муҳоҷиратии Русия аст ва Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи Русия баҳра бардорад. Вале роҳи самарбахши фаъолияти ин хадамот дар қаламрави
Муҳаммади Эгамзод, коршинос дар умури муҳоҷират
Русия чӣ гуна метавонад бошад? Муҳаммади Эгамзод-коршиноси тоҷики умури муҳоҷират дар Русия ба ин суол ва суолҳои дигар посух медиҳад:

Эгамзод: Ба андешаи ман, аз ташкили ин хадамот, ба хусус аз кушоиши намояндагии ин хадамот дар қаламрави Русия бештар аз ҳама муҳоҷирони корӣ бурд хоҳанд кард. Мо мебинем, ки синну соли баъзе муҳоҷирони корӣ аз ҳамаи маҳдудиятҳо гузаштааст ва дар миёни онҳо муҳоҷирони солхӯрда ба чашм мерасанд. Шумораи занони муҳоҷири корӣ низ ниҳоят зиёд шудааст. Ба назарам, ифтитоҳи намояндагиҳои қавӣ ва фаъоли ин хадамот дар қаламрави Русия дар минтақаҳои гуногун хеле ба нафъи кор хоҳад буд.

Суол: Муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои мухталифи хориҷӣ ҳастанд. Вале мисли ин, ки ин хадамот таваҷҷуҳашро бештар ба муҳоҷирони корӣ дар Русия мутамарказ хоҳад кард ва Русия кишвари хеле паҳновар аст ва тоҷикон ҳам дар ҳар ҷо парешонанд. Оё ниҳодҳое, ки ҳоло дар Русия ҳастанд, албатта манзурам ниҳодҳои расмӣ мисли сафорат ва консулгариҳо, метавонанд ба кори муҳоҷирин ва зиндагии онҳо расидагӣ кунанд ё шумо фикр мекунед, ки ба ҳар ҳол ин хадамот намояндагиҳои худро дар манотиқе, ки тоҷикон зиёданд, бояд боз кунад?

Эгамзод: Албатта ин корро дар доираи ҳамкориҳои дипломатии байни кишварҳо бояд ҳал кард. Фикр мекунам, ки ин масъала хоҳ-нохоҳ матраҳ хоҳад шуд. Бубинед, ки дар 89 вилояту минтақаҳои бузурги Русия имрӯз муҳоҷирони кории тоҷик зиёданд. Ба ҳар ҷо рӯ наорӣ, дар он ҷо шаҳрвандони мо машғули кор ҳастанд. Фикр мекунам, ки хеле душвор хоҳад шуд фақат барои сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои мо, ки дар шаҳрҳои Маскаву Екатеринбургу Уфа ифтитоҳ шудааст, то битавонанд, ки ҳамаи онҳоро фаро бигиранд.

Суол: Нуктаи дигар ин аст, ки агар мо ба гузаштаҳо нигоҳ афканем, масъалаҳое, ки бо муҳоҷирони кории тоҷик пеш меояд, гоҳо намояндагоне, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ниҳодҳои Русия мехоҳанд масъаларо ҳал кунанд, онҳоро ба таври расмӣ ё қабул намекунанд ё намехоҳанд бо онҳо сӯҳбат кунанд ба хотири он, ки онҳо мақоми дипломатӣ надоранд ё ба онҳо салоҳияте дода нашудааст. Фикр намекунед вақте, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз мекунад, бояд ба онҳо як мақоми махсус бидиҳанд, то дар қаламрави Русия онҳо бо тамоми ниҳодҳо ва муассисаҳои Русия фаъолияти озод дошта бошанд?

Эгамзод: Ҳамаи муносибатҳои кишварҳои мустақил дар доираи ҳамкориҳои дипломатӣ ва дар асоси шартномаҳои байналмиллалӣ ба роҳ андохта мешавад. Агар кормандони хадамоти муҳоҷират мақоми дипломатӣ медоштанд, дар ҳалу фасли ҳар масъала ба онҳо имконияти зиёд фароҳам меомад, барои он, ки намояндаи ин ё он вазорат ё ин ё он кумита дар кишвари хориҷӣ бидуни салоҳият чандон эътбори расмӣ надорад дар муқоиса бо намояндаи сафорат ё намояндаи консулгарӣ, ки мақоми дипломатӣ дорад. Ин аввал. Нуктаи дуввум, таҷриба нишон дод, ки барои фаро гирифтани шумораи зиёди муҳоҷирони кории тоҷик, ки ба Русия рӯ меоранд, бояд хадамот бо дастгирии сафорат, консулгариҳо ва бо дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, ки дар минтақа ҳастанд, фикр мекунам, ки мо як базаи иттилоъотиро бояд ба роҳ андозем. Базаи иттилоъотие, ки дар он ному насаб, соли таваллуд, ҷои зист ва ҳамаи ахбори зарурии муҳоҷири кории тоҷик, ки ба Русия меояд, ба он ворид карда шавад. Бубинед, дар замони корам дар сафорати Тоҷикистон вақте, ки ба сари муҳоҷири тоҷик мусибате меомад, то муайян кардани шахсияти вай чанд рӯз паси сар мешуд. Агар мо аз фановариҳои пешрафтаи интернетиву компютерӣ истифода кунем ва муҳоҷири кории тоҷик баробари берун шудан аз қаламрави Тоҷикистон ё баробари ворид шудан ба қаламрави Русия ё Қазоқистон ё кишвари дигар, ин корро дар ибтидо метавон дар намунаи Русия анҷом дод, агар муҳоҷир ба ҳамин базаи иттилоъотӣ ворид шавад ва ҳамаи санадҳои зарурӣ дар бораи шахсияти вай ворид шавад, дар чунин ҳолатҳо пайгирӣ кардани ҳамаи ин равандҳо барои хадамот, барои намояндагиҳои хадамот дар Русия осон хоҳад шуд.

Суол: Фикр намекунед, ки чунин кор гоҳо метавонад хилофи муқаррароти байналмиллалӣ бошад ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар аз ин чиз шикоят кунанд, яъне онро ҷамъоварии маълумоти маҳрамона дар бораи инсон арзёбӣ кунанд, маълумотеро, ки дар бораи муҳоҷири корӣ ҷамъоварӣ мешавад?

Эгамзод: Дуруст гуфтед. Ин нукта ҷой дорад ва шояд суол ҳам ба миён ояд, ки чаро шумо ин корро мекунед? Аммо ба фикри ман, бо назардошти он, ки муҳоҷири кории тоҷик дар ҳолати ворид шудан ба кишвари дигар ба як майдони ҳуқуқӣ меафтад, ки бояд ҳамаи фаъолияти вай дар доираи ҳамин майдони ҳуқуқӣ роҳандозӣ шавад, хоҳ-нохоҳ ҷамъоварии чунин маълумот ба манфиати кор хоҳад буд. Бо назардошти ин, ки саломатӣ, бехатарии шахсии муҳоҷири корӣ аз иттилоъоти маҳрамона дар бораи вай болотар хоҳад буд, зеро аксари муҳоҷирони тоҷик, ки ба Русия меоянд, дар ҳолатҳои ниҳоят душвор кору зиндагӣ мекунанд. Имрӯз дар қаламрави Русия кори аз ҳама вазнинтарин, кори аз ҳама каммуздро муҳоҷирони кории тоҷик, ҳамватанони мо мекунанд. Чунин корҳои каммузд ва вазнин дар Русия ба дӯши муҳоҷири кории тоҷик афтодааст.
XS
SM
MD
LG