Пайвандҳои дастрасӣ

Табиби тоҷик Ҳомидҷон Овчибоев, ки аз 28 феврал дар вилояти Шабвои Яман дар дасти яке аз қабоил дар асорат қарор дошт, шаби гузашта раҳо ёфтааст. Саидаҳмад Беков, намояндаи ширкати русии «Техностройэкспорт», ки Овчибоев низ барои он кор мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, табиби тоҷик бар асоси муомилаи байни давлати Яман ва гаравгонгирон озод шуд.
Ба гуфтаи оқои Беков, гаравгонгирон ибтидо дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои ин қабила шудааст, 200 миллион доллар талаб доштанд, вале мақомот дар ниҳоят тавонистанд онҳоро ба ахзи маблағи хеле камтар моил кунанд. Овчибоев аз соли 2007 дар Яман ба ҳайси табиб кор мекунад.
XS
SM
MD
LG