Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози амрикоӣ аз "оташи дӯстона"


Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, мушаке, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни як задухӯрд дар вилояти Ҳилманди Афғонистон аз як ҳавопаймои бидуни сарнишин шиллик шуд, зоҳиран ду сарбози амрикоиро куштааст. Мақомот ба таҳқиқи ин қазия, ки нахустин мавриди ҳалокати сарбозони Амрико бар асари «оташи дӯстона» унвон мешавад, шурӯъ кардаанд. Ин маврид дар ҷараёни як набард дар наздикии шаҳри Сангини вилояти Ҳилманд иттифоқ уфтодааст.
XS
SM
MD
LG