Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони порламони Қирғизистон халъи силоҳ шуданд


Кенешбек Дюшебаев-раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, баъд аз моҷарои намояндагони мардумӣ дар порламони Қирғизистон дар ҳафтаи гузашта аз намояндагон 11 аслиҳа мусодира шудааст. Як автомати Калашников ва 10 тапонча аз намояндагон гирифта шудааст. 1 апрел ду намояндаи полрламон ба сӯи якдигар мушткашӣ кардаанд. Ба гуфтаи Дюшебаев, вақте, ки Қамчибек Ташиев-раҳбари ҳизби Ата Жорт ва Алтинбек Сулаймонов-намоянда аз Ҳиби Республика ба ҳам дарафтоданд, дар коридори порламон мардони ҷавони бузургҷусса пайдо шудаанд. Баъд аз ин ҳодиса халъи солоҳи намояндагони порламон шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG